ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 31 март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор бозии даври шашуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Пеш аз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ба муқобили дастаи яккачини Филиппин роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон бо бозигарон, ситоди мураббиён ва кормандони маъмурии тими миллии Тоҷикистон мулоқот баргузор кард.
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба даста дар бозии муҳими марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 барору муваффақият орзу намуд. Изҳори итминон карда шуд, ки бозигарон хислат, ирода ва руҳияи баланди дастҷамъона нишон медиҳанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳар бозӣ имконияти арзандаи муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Аз номи дастаи мунтахаби Тоҷикистон сармураббӣ Горан Стеванович ва капитани даста Аҳтам Назаров ба роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои таваҷҷуҳ ва суханони руҳбаландкунанда изҳори сипос карданд. Онҳо иброз намуданд, ки чунин мулоқотҳо пеш аз бозиҳои муҳим ба бозигарон неруи тоза бахшида, фазои ягонагӣ ва масъулиятшиносиро дар даста боз ҳам таҳким мебахшанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард






