«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейбол байни занону духтарон ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни занону духтарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Зимни он дар байни занону духтарони ғайрикасбӣ дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳамзамон дастаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм, дастаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм ва дастаи Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи чорум гардиданд.
Дар байни дастаҳои касбӣ дастаи занонаи волейболи шаҳри Душанбе-1 ҷойи якум, дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойи дуюм, дастаи вилояти Суғд ҷойи сеюм ва дастаи Душанбе-2 ҷойи чорумро сазовор гардиданд.
Мусобиқа бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 феврал то 10 март дар мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишии шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он 40 даста бо фарогирии 600 нафар занону духтарони вазорату кумита, раёсат ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои духтаронаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ба ғолибон ва ҷоизадорон Ҷом, медал, Диплом ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд. Инчунин дастаҳое, ки дар ин мусобиқа иштироки фаъолона намуданд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо Сипоснома сарфароз гардонида шуданд.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид






