Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз

Март 20, 2026 13:50

21.03.2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо – хурду бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯзро ба муносибати фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалӣ самимона табрик мегӯям.

Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар, оғози соли нав, айёми аз сардӣ ба гармӣ баромадан, эҳёи дигарбораи табиат ва тамоми мавҷудоту набототи он мебошад.

Мардумони куҳанбунёди ориёитабор ғайр аз Наврӯз ойину ҷашнҳои дигари бостонӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргонро низ таҷлил мекунанд, вале Наврӯз дар миёни онҳо шукӯҳу ҷалоли хосса дорад.

Гузаштагони некному хирадманди мо ин ҷашнро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар тӯли беш аз шаш ҳазор сол ҳифз карда, то замони мо расонидаанд.

Ин ҷашни фархунда тайи ҳазорсолаҳо ба мероси гаронбаҳои фарҳанги мардумӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияту ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Ҳамзамон бо ин, фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ тадриҷан ҳамчун омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо ва қаламравҳои гуногун эътироф гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ҳарчанд баробаршавии шабу рӯз дар як сол ду маротиба рух медиҳад, аммо Наврӯз ҳамчун падидаи зебои табиӣ эҳёи табиат ва мавҷудоти оламро дар фасли баҳор, яъне нишонаҳои зиндагии навро дар худ таҷассум мекунад.

Ба ҳамин сабаб ниёгони хирадманди мо маҳз ҳамин рӯз, яъне эътидоли баҳориро оғози соли нави хуршедӣ қарор додаанд ва онро бо калимаи зебои тоҷикӣ «наврӯз» ном ниҳодаанд.

Номи Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо дигар нашудааст ва бо ҳамин номи мантиқиву зебо то замони мо зинда мондааст.

Имрӯз мардумони кишварҳои гуногун ҳамдигарро бо забони ширину зебои тоҷикии «Наврӯз муборак!» шодбош мегӯянд.

Таърихан тоҷикӣ будани номи Наврӯз гувоҳи равшани он аст, ки ин ойини муборак бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ аз муҳити зисти ниёгони ориёитабори мо бархостааст.

Бинобар ин, мо – ворисони ин ҷашни зеборо зарур аст, ки бо бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ба арзишу суннатҳои он арҷ гузорем, онҳоро ҳифз кунем ва густариш диҳем, зеро ҳифзи ин ҷашн, пеш аз ҳама, посдориву нигоҳдории яке аз шоҳсутунҳои ҳувияту худшиносии миллии мо мебошад.

Воқеан, бояд гуфт, ки мо дар кишвари худ ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз – ойини бостонии аз аҷдоди ориёиамон бамеросмонда мебошад.

Ва метавон гуфт, ки ин ду падида ду боли парвози мо дар масири таърих ба шумор мераванд.

Дар робита ба ин, мехоҳам хотирнишон намоям, ки ҷашни Наврӯзи имсола ҳамчун омили муҳимми худшиносиву худогоҳии мо – тоҷикон аҳаммияти хосса пайдо мекунад.

Чунки соли 2026-ро мо «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон кардаем.

Ҳамватанони азиз!

Наврӯз на танҳо ҷашни эҳёи табиат ва замони баробаршавии шабу рӯз аст, балки ҷашни марди деҳқон ва оғози мавсими корҳои кишоварзию боғдорӣ ба ҳисоб меравад.

Ба ин хотир, кишоварзон ва ҳамаи онҳое, ки бо замин сарукор доранд, аз ҷумла шахсоне, ки соҳиби заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ мебошанд, бояд аз ҳар як рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд.

Мо бояд барои ба даст овардани ҳосили фаровон, яъне зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ, боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҳарчи бештар саъю кӯшиш намоем.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки вазъи ҷаҳони муосир рӯз ба рӯз мураккабу ҳассос гардида, дастрасии аҳолии сайёра ба маводи ғизоӣ торафт душвор шуда истодааст.

Бинобар ин, мо бояд аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дар ихтиёр дорем, аз ҷумла аз ҳар як ваҷаб замин ва об самараноку оқилона истифода намоем.

Мо имсол Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллиамон – 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешвоз мегирем.

Эътимоди комил дорам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон кору фаъолияти бунёдкориву созандаи худро ба хотири истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддаси миллӣ вусъати тоза мебахшанд.

Мо бояд ин неъмати муқаддасу бебаҳо, яъне истиқлолу озодиро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва шукрона кунем, ки мо – тоҷикон соҳиби давлати соҳибистиқлол ҳастем!

Наврӯз ҷашнест, ки бо эҳёву сарсабз гардидани табиат ба хонадони мардуми кишвар суруру шодмонӣ меоварад ва одамонро дар баробари зоҳири ороста ба поксозии ботин ва аз қалбҳо берун кардани кинаву адоват ташвиқу ҳидоят мекунад.

Наврӯзи фархундапай, ҳамчунин, талқин мекунад, ки мо ба тозагиву озодагӣ ва ободии гирду атроф, яъне муҳити зисти худ аҳаммияти хосса диҳем.

Яъне дар бар кардани либосҳои миллӣ ва хонаву маҳалли зисти худро тозаву озода нигоҳ доштан аз ойинҳои бисёр муҳимми ин ҷашн маҳсуб меёбанд.

Аз ин лиҳоз, мардуми мо ба истиқболи Наврӯз хонаву кошонаи худро озодаву ороста мегардонанд, қалбҳои хешро аз кинаву кудурат пок месозанд ва ин ҷашн, яъне саршавии солро бо дили поку нияти нек, бо умеди оромиву осоиш ва файзу баракат таҷлил мекунанд.

Ин аст, ки ойину суннатҳо ва маҳфилу базмҳои Наврӯзӣ мардумро сарҷамъу муттаҳид месозанд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки мо бояд бо забон, таърих ва фарҳанги бостонии худ, расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои бою рангоранги миллии худ, аз ҷумла сару либос ва таомҳои миллиамон ифтихор намоем, онҳоро ҳифз кунем ва густариш диҳем.

Ҳамватанони азизи мо, ҳамчунин, набояд фаромӯш созанд, ки дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон, хурсанд кардани дили ятимон, хабар гирифтан аз ҳоли падару модарон, бародарону хоҳарон, беморону калонсолон ва дигар амалҳои хайре, ки боиси хушҳоливу болидахотирии инсонҳо мегарданд, яке аз ҷанбаҳои умдаи ҷашни Наврӯз мебошад.

Бовар дорам, ки мо бо ваҳдату сарҷамъӣ ва заҳмати аҳлонаи мардумамон ба ҳама ҳадафҳои стратегие, ки дар назди худ гузоштаем, мерасем ва Наврӯзи бостонӣ бо қадамҳои мубораки худ ба ҳар як хонадони мамлакат шодиву хушҳолӣ ва барору комёбӣ меоварад.

Дар шароити бисёр ҳассосу пурҳаводиси ҷаҳони имрӯза мо ба шукронаи соҳибватанӣ ва соҳибдавлативу соҳибистиқлолӣ бояд боз ҳам муттаҳиду сарҷамъ ва босабру таҳаммул бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллиамон арҷ гузорем.

Бо эътимоди комил ба фардои ободи Тоҷикистони маҳбубамон, бори дигар фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи байналмилалиро ба хурду бузурги мардуми кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ ва мардумони кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз самимона шодбош мегӯям.

Ба хонадони ҳар як фарди мамлакат саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву саодати рӯзгор ва файзу баракати наврӯзӣ орзу менамоям.

Соли нави аҷдодӣ ва Наврӯзи байналмилалӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Март 20, 2026 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун фазои ваҳдати маънавӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид