Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд

Март 31, 2026 11:45

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноташон гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд. 

Дар фурудгоҳи муваққатӣ Сарвари давлатро масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Исфара ва сокинони маҳаллӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боздид аз боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар масоҳати 600 гектар, шинонидани ниҳолҳои дарахтҳои мевадиҳанда, ифтитоҳи оби полезӣ ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид.

Дар намоишгоҳи муваққатии маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, аз навъҳои тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, анвои гуногуни меваҳои тару хушк, зардолу, маҳсулоти консервашуда, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо, ки дар кишти тирамоҳӣ бо истифода аз обу ҳавои мусоид ва тухмиҳои хушсифат ба даст омадаанд, дидан намуданд.

Ба Сарвари давлат иттиллоъ дода шуд, ки соли равон кишоварзони шаҳри Исфара бо истифода аз имкониятҳои мавҷудаи табиӣ майдони кишти зироатҳои кишоварзиро ба 3 ҳазору 710 гектар расонидаанд. Меҳнати пайвастаи хоҷагидорон ва риояи агротехникаи кишту парвариш имкон фароҳам овардааст, ки дар шаҳри Исфара афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин шавад.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара ба ҳолати 1 марти соли 2026 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 74 ҳазор тонна барорбар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 4 ҳазору 300 тонна афзоиш ёфтааст.

Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини шаҳри Исфара дар самти истифодаи оқилонаи замин аст. Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳри Исфара, аз ҷумла зардӯзӣ, кандакорӣ ва анвои гуногуни нон, ки ба таври густурда пешниҳод гардида буд, бозгӯи заҳмати аҳлона аст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва кишоварзони шаҳри Исфара барои боз ҳам баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, захираи маҳсулот барои давраи тирамоҳу зимистон, зиёд намудани масоҳати боғу токзор бо истифода аз тухмиҳои серҳосили минтақа дастуру тавсияҳои судманд доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ “Истиқлол”, ки бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Абдуризо Абдулаҳатов ва Сорбон Савриддинов дар масоҳати 600 гектар замини бекорхобида бунёд гардидааст, шинос шуда, ба ифтитоҳи хатти оби полезӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бунёди боғҳои интенсивӣ дар шароити кунунӣ баробари таъмини бозори истеъмолӣ бо меваҳои хуштамъу лазизи ватанӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар самти боло бурдани иқтидори содиротии кишвар низ нақши муассир мегузорад.

Тибқи тавсияи мутахассисон, дар 40 гектар 12 ҳазору 500 бех ниҳоли зардолуи Исфара ва дар 25 гектар 13 ҳазор бех ниҳоли шафтолуи аълосифат шинонида шудааст. Ҷойи зикри хос аст, ки обдиҳии боғҳои нав бо усули қатрагӣ ба роҳ монда мешавад.

Тавре иттилоъ доданд, то имрӯз дар масоҳати зиёда аз 65 гектар кашидани лӯлаҳои обмонии қатрагӣ анҷом ёфтааст. Дар маҷмӯъ ниҳолҳои боғи навбунёд дар марҳилаи аввал дар масоҳати 65 гектар беш аз 30 ҳазор бехро ташкил хоҳад дод.

Боғдорон дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар расидан ба ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ, саҳмгузор бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо боғпарварон ташаббуси соҳибкоронро дар ин самт намунаи ибрат унвон намуда, ҷиҳати бештар баҳрабардорӣ намудан аз имтиёзҳои додаи Ҳукумати мамлакат ба онҳо тавсияҳои судманд доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки таъсиси чунин боғи интенсивӣ, дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкил гардида, дар оянда бо ин роҳ масоҳати чунин боғҳо боз ҳам афзоиш дода мешавад.

Кишоварзони шаҳри Исфара баробари боғдорӣ дар кишту парвариши зироатҳои гуногун низ таҷрибаи ғанӣ дошта, заминҳои худро пурсамару мақсаднок истифода мебаранд. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту ғалладонагиҳо ва меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар шаҳри Исфара, ба таҷрибаи заҳматкашон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии онҳо дар самти истифодаи оқилонаю пурсамари замин марбут буда, хоҷагидорон барои истифода аз имкону иқтидорҳои мавҷуда бо мақсади саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамаҷониба талош меварзанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар соли 2025 дар шаҳри Исфара беш аз 100 гектар боғу токзори куҳна барқарор карда шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хатти об аз дарёи Исфара аз мавзеи заминҳои ҷамоати Хонободи Деҳоти Баланд дар масофаи 2 ҳазору 300 метр аз ҷониби соҳибкорон кашида шуда, бо ғунҷоиши 22 ҳазору 500 метри мукааб обанбор низ сохта шудааст.

Масъулон ният доранд дар оянда 5 ҳавзи моҳипарварӣ ҳам бунёд намоянд. Барои таъмини қувваи барқ ба дастгоҳҳои обкашӣ ба масофаи ду километр хати барқ кашида ва 2 адад трансформатори 400 ва 600 киловатта насб гардидааст.

Зимни суҳбати самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғи интенсивӣ ва ҳавзи обтаъминкунӣ, ки заҳмат ва харҷи зиёдро талаб менамояд, ба соҳибкорон баҳои баланд дода, ин амали онҳоро намунаи таҳсин номиданд.

Дар заминаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, боғдорон нақша доранд, ки ояндаи наздик дар ҳудуди боғ як сардхонаи наву замонавӣ бо ғунҷоиши 10 ҳазор тонна ва корхонаи коркарди мева таъсис дода, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъсиси ҷойҳои навӣ корӣ саҳмгузор шаванд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин тариқи фосилавӣ ба фаъолияти боғи “Амирхон”, ки дар масоҳати 87 гектар бо саҳми соҳибкори ватанӣ Манучеҳр Амирзода аз ҳисоби заминҳои бекорхобида дар мавзеи Моҳпарӣ бунёд гардидааст, оғоз бахшида, бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бандубасти мева, парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ва дар масоҳати 70 гектар дар деҳаи Лаккон ҷудо гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишоварзӣ ба таври фосилавӣ шинос гардиданд ва ба масъулин барои самараи бештару беҳтар додани ин иқдом дастуру тавсияҳо доданд.

Боздид аз боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, ниҳолшинонӣ, ифтитоҳи оби полезӣ ва боздид аз намоиши маҳсулот дар шаҳри Исфара 31.03.2026

Март 31, 2026 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд