Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар, оғози соли нав, айёми аз сардӣ ба гармӣ баромадан, эҳёи дубораи табиат ва тамоми мавҷудоту набототи он мебошад. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз.
Пешвои миллат изҳор доштанд, ки мардумони куҳанбунёди ориёитабор ғайр аз Наврӯз ойину ҷашнҳои дигари бостонӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргонро низ таҷлил мекунанд, вале Наврӯз дар байни онҳо шукуҳу ҷалоли хосса дорад.
«Гузаштагони некному хирадманди мо ин ҷашнро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд давоми беш аз шаш ҳазор сол ҳифз карда, то замони мо расониданд. Ин ҷашни фархунда давоми ҳазорсолаҳо ба мероси гаронбаҳои фарҳанги мардумӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияту ифтихори миллии мо табдил ёфтааст», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ тадриҷан ҳамчун омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо ва қаламравҳои гуногун эътироф гардидааст.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун фазои ваҳдати маънавӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ






