Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Март 30, 2026 17:22

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро, ки бо саҳми соҳибкорони ватандӯст бунёд шудаанд, ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор доданд.

Нахустин иншооте, ки дар ин рӯз  ифтитоҳ гардид ин коргоҳи забҳ ва бастубанди гӯшти паррандаи Ҷумъабой Мирзо бо иқтидори 5-6 ҳазор сар паранда дар як шабонарӯз мебошад.

Иншооти мазкур дар ҳудуди деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ дар масоҳати 2,0 гектар  замин бунёд гардида, аз иншооти истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ, сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулот ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад. Коргоҳ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида,  раванди истеҳсолот бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда шудааст. Истеҳсоли маҳсулот дар ин коргоҳ мутобиқ ба талаботи санитарӣ сурат мегирад.

Ҳамзамон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи парандапарварии Илёс бо иқтидори истеҳсоли 500 тонна гўшти паранда дар як сол оғоз бахшиданд. Ин коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ бунёд гардида, аз ду бинои асосии истеҳсолӣ, биноҳои маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат мебошад.

Биноҳои истеҳсолии коргоҳ барои парвариши то 40 ҳазор сар паранда пешбинӣ гардидаанд. Дар корхона шароити муосири нигоҳубин, ғизодиҳӣ ва парвариши парандаҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳоло, дар коргоҳ 10 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии соҳибкори инфиродӣ Сино Раҳимов бо иқтидори истеҳсоли 400 тонна гӯшти паранда дар як сол ва 10 ҷойи корӣ дар деҳоти Оббурдон аз иқдомҳои навбатии соҳибкорон мебошад.

Бояд зикр намуд, ки иншоот аз биноҳои истеҳсолӣ, маъмурӣ ва инфрасохтори ёрирасон иборат аст.

Бино бо риояи талаботи муосири сохтмонӣ ва технологӣ бунёд гардида, барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ дар минтақа заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар бинои истеҳсолии коргоҳ имкон аст, ки ҳамзамон то 15 ҳазор сар паранда парвариш ёбад.

Қобили зикр аст, ки коргоҳ бо истифода аз технологияҳои муосир, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст, фаъолият менамояд ва бо мавриди истифода қарор гирифтани он 10 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳо аз ташаббусҳои амалинамудаи соҳибкорон хуш истиқбол намуда, таъкид карданд, ки  бояд чунин коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ замина мегузоранд, ҳарчи бештар бунёд карда шаванд.

Соҳибкорони ватандӯсти кишвар кӯшиш намуда истодаанд, ки бо бунёди иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла коргоҳу корнаҳои истеҳсолӣ, ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил намоянд.

Ифтитоҳи 3 иншоот дар ноҳияи Мастчоҳ ба тариқи фосилавӣ 30.03.2026

Март 30, 2026 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд