Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд

Март 30, 2026 16:10

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро расман мавриди истифода қарор доданд.

Корхона бо саҳми соҳибкорони ватанӣ Ниёз Ниёзов ва Саъдӣ Ниёззода баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 июли соли 2023 зимни ифтитоҳи расмии нахустин корхонаи коркард ва банду басти чормағзи заминӣ дар минтақа, ки бо иқдоми ин соҳибкорони ватандӯст таъсис дода шудааст, онҳоро ҳидоят намуда буданд, ки амалу иқдомҳои шоистаро идома дода, боз як корхонаи муосири саноатӣ барои рушди ноҳияи Мастчоҳ бунёд намоянд. Соҳибкорон бо назардошти талабот ба хишти сохтмонӣ ба бунёди ин корхонаи муосир иқдом намуданд.

Корхонаи нави саноатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳа ва таҷҳизоти технологии муосири ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст.

Сохтмони иншооти истеҳсолӣ соли 2024 оғоз ёфта, дар муддати 1 солу 8 моҳ ин корхонаи муосир оид ба истеҳсоли масолеҳи хишти сохтмонӣ ба фаъолият омода гардид. Ин корхонаи дуюми хиштбарории ширкати Ҷаъфар-2014 мебошад. Корхонаи якуми соҳибкорон дар минтақаи Обшорони ноҳия фаъолият мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли масолеҳи хишти сохтмонӣ дар технологияи ҷаҳонӣ шинос шуда, иқдоми соҳибкорони ватаниро дар таъсиси ин корхонаи муосир саҳми шоиста дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истиқболи арзанда аз ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.

Дар корхонаи навбунёд истеҳсоли хишти пухтаи сохмонӣ дар технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.

Маҷмӯи дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ аз қабулу омехтакунии ашёи хоми асосӣ барои хишти пухта – гилу хокаи ангишт то пухтани хишти хом дар хатти технологии пайиҳами силсилавӣ ҷараёни мукаммалу пурсамарро ташкил медиҳад.

Пухтани хишти сохтмонӣ ба таври атоматӣ сурат гирифта, раванд ба сифат ва маҳсулнокии баланди истеҳсоли хишти сохтмонӣ мусоидат менамояд.

Иқтидори хатти технологии корхона истеҳсоли 80 ҳазор дона хишти пухта дар як шабонарӯз мебошад. Аз рӯи ин иқтидор дар корхона дар як сол зиёда аз 24 млн. дона хишти сохтмонӣ истеҳсол карда мешавад.

Бо вусъати корҳои созандагӣ, зиёд шудани сохтмони иншооти соҳаҳои гуногун ва манзилҳои шахсӣ талабот ба хишти сохмонӣ меафзояд.

Истеҳсоли хишти сохтмонӣ дар ду корхонаи ширкати Ҷаъфар-2014 имконияти хуби таъмини талабот бо ин масолеҳи бинокории истеҳсоли худи дар ноҳияи Матсчоҳ мебошад.

Дар корхона аз рӯйи хусусияту талаботи технологӣ кор дар се баст ташкил мегардад.

Дар корхонаи навбунёд беш аз 50 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Таъминоти ашёи хом аз дохили кишвар ва мавҷудияти инфрасохтори роҳу нақлиёт аз имконияту афзалият барои фаъолияти босамари корхонаи нави соҳаи масолеҳи бинокорӣ мебошад.

Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ 30.03.2026

Март 30, 2026 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд