Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Узбекистон баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 23.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 30 март бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир мешавад.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони Тоҷикистон фарогири фарҳангу анъанаҳои миллӣ буда, дар он суруду рақсҳо, қироати шеърҳо, замзамаи таронаҳо ва намоиши анъанаҳои хоси фарҳанги тоҷик пешкаш мегарданд.
Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ, идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳарду давлат мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






