РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 20 март дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи фарҳанг таҷлил мегардад. Давоми зиёда аз 35 соли давлатдорӣ дар баробари рушду такомули дигар соҳаҳо фарҳангу санъат низ ба дастовардҳои беназир комёб гардиданд.
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва қарорҳои соҳавӣ, паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» фаъолият намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 рушди фарҳанг ҳамчун яке аз асосҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ ва заминаи ҳифзи ҳастии миллат таъкид гардидааст. Мероси фарҳангӣ барои ташаккули худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши калидӣ мебозад. Фарҳанг ва мероси таърихӣ на танҳо оинаи гузашта, балки роҳнамои фардо низ мебошанд.
Самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанг ба ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии мамлакат, ҳифз ва рушди мероси моддиву ғайримоддӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳангӣ, рушди санъати касбӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин муаррифии шоистаи фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.
Бо мақсади фароҳам овардани фазои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби вазорат лоиҳаҳои «Консепсияи муаррифии фарҳанги миллӣ барои солҳои 2026-2040», «Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди мактабҳои бачагонаи мусиқӣ, санъат, рассомӣ ва мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ҷумҳуриявии мусиқӣ ва санъат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи давлатии рушди санъати муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва «Барномаи давлатии рушди адабиёти бачагона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия ва қабул карда шуданд.
Инчунин соли 2025 бо мақсади тавсеаи масъалаҳои таҳқиқи мероси мусиқии тоҷикон «Маркази фарҳанги мусиқии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Соли 2025 11 ёдгории мероси фарҳангии Хутали қадим ва номинатсияи миллии «Фарҳанги суманакпазӣ» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, дар иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО қатънома таҳти унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул карда шуд.
Эътироф шудани шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва қабули қарор дар бораи бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ (солҳои 2026–2027) далели ҷойгоҳи хоси фарҳанги тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат бо омезиши ҷаҳонбиниҳои мухталиф ва тафаккури арзишманду пешрафта фазои устувори сиёсӣ ва маънавию фарҳангӣ фароҳам омад, ки ба муттаҳидсозии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саъю талоши хирадмандонаи Пешвои миллат аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат бо дарки амиқи масъулият тамоми неруи эҷодию ташкилиро ба рушди минбаъдаи ҳаёти фарҳангии ҷомеа равона менамоянд. Инчунин барои ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ, ғанӣ гардондани дунёи ботинии ҳамватанон, шинохти таърихи гузаштаву имрӯза ва таҳкими эҳсоси худшиносию ватанпарастӣ талош намуда, дар татбиқи муваффақонаи ҳадафҳои созандагию бунёдкории миллӣ нақши бориз мегузоранд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун фазои ваҳдати маънавӣ ва эҳёи арзишҳои инсонӣ
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






