Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд

Март 25, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 март намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон рафта, бо Академияи сайёҳӣ ва Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории донишгоҳ шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Меҳмононро роҳбарияти донишгоҳ истиқбол намуда, доир ба сохтори идоракунӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти таълимӣ ва илмӣ, инчунин имконияти фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии кадрҳои баландихтисосу рақобатпазири сатҳи байналмилалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

Иброз гардид, ки донишгоҳ ҳамчун яке аз марказҳои пешбари омодасозии мутахассисон дар соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар асоси стандартҳои муосири ҷаҳонӣ фаъолият менамояд.

Намояндагони воситаҳои ахбори омма аз Маркази рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ, лабораторияи сайёҳӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, студияи таълимӣ, Маркази дипломатияи сабз, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхонаи замонавӣ, хобгоҳи муосири донишҷӯён, Маркази таълимию истеҳсолии дӯзандагӣ ва дигар инфрасохтори таълимии донишгоҳ дидан намуданд.

Меҳмонон ба шароити фароҳамгардида ва пойгоҳи муосири моддию техникии донишгоҳ баҳои баланд дода, онро заминаи муҳим барои тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ арзёбӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки чунин боздидҳо ба таҳкими ҳамкории иттилоотӣ ва густариши равобити дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мусоидат намуда, дар муаррифии имконияти соҳаи маориф ва сайёҳӣ нақши муҳим мегузоранд.

 

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 25, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид