Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ биноҳои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Март 30, 2026 15:53

ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави боғча бо саҳми соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯсти деҳоти Оббурдон бунёд карда шуда, барои тарбияи 480 кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Ин муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо риояи талаботи меъморӣ, мутобиқ ба завқи кӯдакон сохта шуда, бо шароити муосир ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва ҳуҷраҳои барҳаво барои машғулияти зеҳнии 10 гурӯҳи кӯдакон муҷаҳҳаз мебошад.

Бино аз се ошёна иборат буда, дар зиёда аз 15 ҳуҷра ва дигар нуқтаҳои ёрирасони он  барои гузаронидани машғулиятҳои рангини кӯдакон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави боғча 25 нафар бо кор таъмин карда шуданд. Бинои куҳнаи ин муассисаи томактабӣ, ки ҳанӯз соли 1980 сохта шуда буд, ба талаботи замон мувофиқ набуд.

Бунёди бинои нави дабистон натиҷаи татбиқи амалии дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар шаҳру ноҳияҳои кишвар сохтани чунин иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла боғчаҳо барои  ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон арзёбӣ мегардад.

Акнун дар ин муассисаи тозабунёд мутахассисони соҳа ҷалб карда шуда, барои тарбия ва ташаккули зеҳнии ин дӯстрӯякон донишу таҷрибаи худро равона месозанд.

Дар саҳни бинои нав майдончаҳову суҳбаткадаҳо бо ороиши махсус барои хушҳолӣ ва машғул шудани кӯдакон ба ҳар гуна бозиҳои шавқовару ташкили маҳфилҳои эҷодӣ сохта шудааст.

Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки чунин тадбирҳои босамар барои амалишавии ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тақвияти низоми зинаи таҳсилоти томактабӣ, ки барои фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбия равона шудааст, мусоидати фаъол мекунад.

Дар маркази ноҳияи Мастчоҳ шаҳраки Бӯстон бинои иловагии Муассисаи давлатии томактабии рақами 1 мавриди истифода қарор гирифт.

Дар иншооти навбунёди таълимӣ 180 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 12 парастор ва ёварони онҳо, ки ҳамагӣ соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ мебошанд, ҷалб гардидаанд.

Иншооти мазкур дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мусоидати мақомоти маҳалӣ баҳри фарогирии пурраи кӯдакон, ки то ин замон 180 кас дар навбати қабул ба муассисаи томактабӣ буданд, бунёд ёфта, ҳоло имконият фароҳам омад, ки мушкилии сокинони 7 маҳаллаи Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ҳал гардад.

Бино дорои 6 ҳуҷраи барҳавои машғулият ва толори мусиқӣ, ҳуҷраҳои хобу истироҳат, ошхона ва иншооти ёрирасон буда, барои таълиму тарбияи 6 гурӯҳи томактабӣ, имконият фароҳам оварда шудааст.

Дар саҳни бинои Муассисаи томактабӣ баҳри дар фасли баҳору тобистон гузаронидани машғулиятҳо ба кӯдакон ва ҷойи бозӣ, майдончаи омӯзишии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва ҳамчунин айвончаҳои алоҳидаи тобистона баҳри баргузории маҳфилҳои мусиқӣ, барномаҳои фарҳангӣ мувофиқ ба завқи синнусолии кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ин барои бедор сохтани ҳисси зебоидӯстии насли наврас муассир мебошад.

То ин муддат дар Муассисаи давлатии томактабии рақами 1-и ноҳияи Мастчоҳ 230 кӯдак таълиму тарбия мегирифтанд. Бинои иловагӣ имкон дод, ки фарогирии кӯдакон дар муассиса ба 410 нафар расад. Ин яке аз тадбирҳои муҳим дар самти ба таълиму тарбия ва ба зинаи мактабӣ омода намудани насли наврас мебошад.

Ифтитоҳи фосилавии бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №5 дар деҳаи Фирдавсии деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ 30.03.2026

Март 30, 2026 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии Ҷаъфар-2014-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли нушокиҳои «Суғд саноат холдинг»-ро ифтитоҳ намуданд