Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд

Март 31, 2026 11:47

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 31 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ бо иншооти гидротехникӣ, пойгоҳи обкашӣ, сардхона барои 1000 тонна, коргоҳи бастубанди мева, парвариши 200 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ дар мавзеи Сомониён ба таври фосилавӣ шинос гардиданд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  иттилоъ дода шуд, ки боғи интенсивӣ дар масоҳати 1400 гектар аз ҳисоби заминҳои захираи чарогоҳи давлатӣ ҷудо гардида, барои ба роҳ мондани истеҳсолоти кишварзӣ, бунёд шуда, аз он дар масоҳати 1350 гектар боғи интенсивӣ ва суперинтенсивӣ ва 50 гектар барои чаронидани чорвои шохдор дар назар дошта шудааст.

Таъкид гардид, ки аз заминҳои ҷудогардида дар майдони 1200 гектар боғҳои зардолу бо усули обмонии қатрагӣ ва дар масоҳати 2,0 гектар гармхонаи замонавӣ бунёд хоҳад шуд.

Иттиллоъ дода шуд, ки ҳамчунин дар қитъаи замин сохтмони сардхона бо ғунҷоиши 1000 тонна, 10 ҳавзи нигоҳдорӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб обанбор ва фермаи парвариши 2000 сар чорвои хурд ва 400 сар чорвои калон бо таъсиси 150 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад, ки дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат нақши арзишманд мегузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони шаҳри Исфара ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин ва истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин, ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Боғи нави маҳаллӣ, ки дар марҳилаи аввал дар масоҳати 44 гектари он 300 ҳазор бех ниҳолҳои зардолуи навъҳои Абрикос, Шишахӯрмоӣ ва Бобоӣ шинонида шудааст, дар таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва содироти он ба хориҷи кишвар, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Исфара дар истеҳсоли зардолу на танҳо дар миқёси мамлакат, балки минтақа шуҳрати зиёд дошта, боғдорон ҳамасола майдони ин навъи меваи болаззату содиротиро бештар менамоянд ва дар ин самт ба дастовардҳои зиёд ноил мегарданд.

Бо мақсади самаранок истифода бурдани замин, масъулин ният доранд дар марҳилаи дуюм дар масоҳати 43 гектар бо истифода аз навъҳои хушсифати шафтолу ва зардолу майдони боғро васеъ гардонанд.

Дар инҷо 40 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин мегардад.

Боғдорони шаҳри Исфара ҳамасола дар асоси маслиҳати мутахассисон бо истифода аз имконоту иқтидори мавҷуда талош бар он мекунанд, ки баробари ба гардиш даровардани заминҳои нав дар роҳи расидан ба ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои самараи бештару беҳтар додани ин иқдом дастуру тавсияҳо доданд.

Муаррифии лоиҳаи азхудкунии 1400 гектар замини бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ дар шаҳри Исфара 31.03.2026

Март 31, 2026 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро мавриди истифода қарор доданд