Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид

Март 2, 2026 20:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар идомаи сафар дар шаҳри Кӯлоб бо сохтмони бинои Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон шинос шуд. Иншооти мазкур дар маҳаллаи Ориёно воқеъ буда, аз 7 қисм иборат мебошад. Ҳоло корҳои оҳану бетонӣ дар 5 қисми он ба охир расидаанд.

Ба масъулин дастур дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ бо сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонида шаванд.

Сарвазири мамлакат пас аз боздиди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Кӯлобтаҷҳизот», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Ваҳдат текстайл» ва «Ресандаи Кӯлоб», ки чанд вақти охир аз фаъолият бозмондаанд, дар назди роҳбарони онҳо ва масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт, то камбудиҳо бартараф ва пешрафти кор таъмин гардад. Барои беҳтар намудани сифати маҳсулот ва истифодаи пурраи иқтидори мавҷуда супоришҳо дода шуданд.

Бояд таъкид намуд, ки имрӯзҳо соҳибкорони Кӯлоб дар ободонии ин шаҳри бостонӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд. Сарвазири мамлакат бо корҳои сохтмонӣ дар корхонаи истеҳсоли хӯроки паранда, ки аз ҷониби Холмуҳаммад Одинаев ба маблағи умумии 3,5 миллион сомонӣ сохта мешавад, шинос шуд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 20 тонна маҳсулотро ташкил дода, барои 15 нафар ҷойи кор муҳайё мегардад.

Сипас дар деҳаи Корези деҳоти Зиракӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо корҳои сохтмонӣ тибқи Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб шинос шуд.

Қоҳир Расулзода инчунин бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар соҳили дарёи Ёхсӯ шинос гардид. Гуфта шуд, ки 45,3 километри дарёи Ёхсӯ аз ҳудуди деҳаи Хонаободи деҳоти Даҳана мегузарад, ки 25,3 километри он мавзеъҳои хавфнок буда, барои аҳолии шаҳр ва деҳоти Даҳана, Зиракӣ ва Зарбдор хатар эҷод мекунад.

Барои пешгирии офатҳои табиӣ давоми солҳои 2024–2025 дар дарёи Ёхсӯ ба масофаи 3200 метр тахтасангҳои оҳану бетонӣ хобонда шуда, дар ин самт боз ҳам корҳо идома доранд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дидан намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин минтақа 10 корхона, аз ҷумла ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Алмос», «Кӯлоб Агросаноат», «Кӯлоб Пласт», «Растанӣ Инно», «Сомон Трейд», «Саноат Сино», «Тоҷик Агро Био Фид», «Тоҷ Чайна байналмилал», «Зафар Текстил» ва «Фарм Кӯлоб» фаъолият мекунанд. Дар корхонаи «Кӯлоб Агросаноат», ки барои истеҳсоли равған, набот, коркард ва банду басти намаки ошӣ пешбинӣ гардидааст, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самти рушди инфрасохтори минтақа дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва шарикон аз Ҷумҳурии Корея корҳо дар самти таҳияи лоиҳаи «Асосноккунии техникӣ-иқтисодии бунёди Маркази логистикӣ ва асосноккунии пешакии техникӣ-иқтисодии сохтмони роҳи оҳан то Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» идома доранд.

Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Корея барои ба анҷом расонидани корҳои лоиҳакашӣ то ин ҳол қариб 7 миллион сомонӣ кумаки бебозгашт ҷалб гардидааст.

Бояд гуфт, ки аз оғози фаъолият то кунун дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо назардошти ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ 99 миллион сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст.

Март 2, 2026 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд