Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар шаҳри Ню Йорк Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини аввали Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳамкории гуногунҷанба ва пурсамари Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид, инчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ карданд.
Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин нақши Созмони Милали Муттаҳидро ҳамчун платформаи универсалӣ барои амалҳои дастҷамъона таъкид намуда, аҳамияти тақвияти ҳамкории бисёрҷониба, пешгирии низоъҳо ва ҳамоҳангсозии башардӯстонаро дар чаҳорчӯби Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид иброз дошт. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои мубориза бо терроризм ва дигар таҳдиду чолишҳои муосир зоҳир гардид. Дар ин робита, ҷонибҳо Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории онро ҳамчун платформаи муфид барои ҳамкорӣ, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии чораҳои байналмилалӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷонибҳо инчунин ба Рӯзномаи рушди устувор барои соли 2030 ва суръат бахшидан ба пешрафт тавассути тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва маблағгузории рушд тамаркуз карданд. Сироҷиддин Муҳриддин таҷрибаи тӯлонӣ ва иштироки фаъоли Тоҷикистонро дар мудирияти захираҳои обии ҷаҳонӣ, бахусус дар доираи Раванди оби Душанбе иброз кард.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва ҳамкорӣ дар доираи механизмҳо ва барномаҳои мавҷудаи Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла ислоҳоти СММ-80 ва рушди устувор бо ҳадафи таъмини сулҳ, амният ва шукуфоӣ барои мардуми минтақа ва тамоми ҷаҳон изҳор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд
Дар Шуъбаи СММ дар Женева бахшида ба Рӯзи байналмилалии пиряхҳо чорабинӣ баргузор гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО мулоқот намуд
Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд






