Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
ДУШАНБЕ, 21.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» бо иштироки Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор аз чор дарвозаи пойтахт ворид шуда, ба сокинону меҳмонон аз омадани Наврӯзи оламафрӯз мужда расонид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Имрӯз субҳи барвақт дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир гардид.
Имрӯзҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе барои таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар пойтахт баргузории як силсила барномаҳои бошукуҳи наврӯзӣ идома дорад. Дар рӯзҳои ҷашн бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯз барномаҳои ҳунарию тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.
Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар ҳама базмгоҳҳои наврӯзӣ ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мешаванд.
Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо барои пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷассум ёфтаанд. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи бунёди давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил медиҳанд.
Ҳамчунин дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ баргузории намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо идома дорад.
АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






