Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 март Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо ҳайати Бонки исломии рушд таҳти роҳбарии мудири амалиёти кишварии Гурӯҳи Бонки исломии рушд Фарид Хон вохӯрӣ намуд.
Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтор, кишоварзӣ, маориф ва иҷрои лоиҳаҳои амалишавандаи Бонки исломии рушд дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки таҳти сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки исломии рушд солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидааст.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






