То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» 27 феврал дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат бояд ба зиёда аз 50 фоиз расонида шавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.
Барномаи мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои таъмини рушди устувори низоми таҳсилоти томактабӣ таҳия гардида, татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон равона карда шудааст.
Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, барои дастрасии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ «Намунаи бинои марказҳои рушди барвақтии кӯдак» тасдиқ шуда, номгӯи таҷҳизоте, ки бояд дар гурӯҳҳои рушди барвақтии кӯдак мавҷуд бошанд, муайян ва дастраси раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо гардид. Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки «Барномаи таълиму тарбияи барвақтӣ» тавассути бозӣ ва «Дастурамали марказҳои таълимии ҳамоҳангсозии инкишофи барвақтии кӯдак» омода ва барои истифода пешниҳод карда шуд.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини рушди барвақтии кӯдак, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, марказҳо (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак ва шаклҳои дигари алтернативӣ таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои таълимию методӣ дар назди Вазорати маориф ва илм Шурои машваратӣ – ҳамоҳангсозии таҳсилоти томактабии фарогир таъсис дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фарогирии бештар ва дастрасии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3154 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 182 ҳазору 744 кӯдак таъсис дода шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 270 марказ ва 51 ҳазору 427 кӯдак зиёд мебошад.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ 310 ҳазору 657 нафар ё 30,1 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 65 ҳазору 370 кӯдак ва 6,9 фоиз зиёд мебошад.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъкид шуд, ки «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт






