Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид

Март 12, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 12.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Таэквандочии тоҷик Баҳодур Абдуҷаъфарӣ дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо», ки аз 6 то 8 март дар дар пойтахти Беларус — шаҳри Минск баргузор шуд, маҳорати баланд нишон дода, дар вазни 59 кг бар 5 ҳариф дастболо ва ҷойи якуму медали тиллои мусобиқаро сазовор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Дар мусобиқа Баҳодур Абдуҷаъфарӣ панҷ бозӣ карда, дар ҳар яки он бар рақибонаш пирӯз шуд. Чусту чолокӣ ва ҳунари баланди варзишгари тоҷик имкон дод, ки дар мусобиқаи байналмилалӣ ҷойи якумро ишғол кунад. Пирӯзӣ дар чунин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ барои варзишгар дастоварди назаррас буда, сатҳи баланди мактаби таэквондои Тоҷикистонро бори дигар таъкид намуд.

Баҳодур Абдуҷафарӣ дастпарвари Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии ба номи Абдуманон Зокиров»- и шаҳри Ҳисор ва узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэквон-до ВТ (World Taekwondo) аст. Ӯ аз овони хурдӣ ба ин навъи варзиш машғул мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Март 12, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард