ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд

Март 11, 2026 09:19

ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар мавзуи «Воситаҳои ахбори омма ва масъалаҳои худшиносии миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Зимни конференсия ректори донишкада Маҳмуд Назарзода иброз намуд, ки кормандони соҳаи матбуот ва табъу нашр, радиову телевизион барои тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат талош намуда, бо сухани созанда ба воситаи ахбори омма дар таҳкими истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, сулҳу ризоияти миллӣ, осудагиву ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона саҳм мегузоранд.

Гуфта шуд, ки матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият чун узви ҷудонашавандаи матбуоти пешқадами ҷаҳонӣ давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ тадриҷан аз як зина ба зинаи дигар қадами устувор гузошта, ба Тоҷикистон ва сокинони он софдилона хизмат менамояд.

Дар ҷараёни кори конфронс таъкид гардид, ки  матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад. Дар замони муосир барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар баробари матбуоти чопӣ воситаҳои ахбори оммаи электронӣ-шабакаҳои телевизион, радио ва интернет саҳми бузург мегузоранд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Март 11, 2026 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт