«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар саросари ашъори Мирзо Турсунзода симои зани тоҷик бо тасвирҳо, бо маъниҳои наву тоза, бо хусусияти хосу нотакрор, бо шаҳомату хуҷастагиҳои дурахшон падидор мегардад. Хусусан мақоми зани тоҷик дар ҷомеа — дар замони нав, бо падидаҳои нав, бо баёнҳои то ин вақт номаъмул шоиронаву хотирмон тасвир мешавад.
Бубинед, устувории мақоми зан дар забони шоир чӣ қадар боэътимод садо медиҳад:
Зан зан асту дар ҳама ҳолат чу зан мемонад он
Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба пурсу пос нест.
Ва «ин муаммо»-ро шоир худ зуд мекушояд ва дар чаҳор мисраъ тамоми бузургӣ ва хуҷастагиву нотакрории ӯро ба мо нишон медиҳад:
Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.
Дар шеъри устод Мирзо Турсунзода зани тоҷик, ки ҳамеша дар сари оташдону танӯри оташфишон аст, ҳамрадифи оташ аст, оташе, ки моро гарм медорад, оташе, ки хомиҳои моро мепазонад, оташе, ки рӯзгори моро мунаввар медорад, бо оғӯши гармаш ба мо ҳаёт мебахшад:
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо,
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем…
В-арна чун санги сари аҳром мемондем мо.
Шоир дар шеъри «Зан агар оташ намешуд» тамоми фазилатҳои дурахшони зан-модарро ба тасвир мекашад.
Зан худ оташ аст, зан посбони оташ аст. Ва оташ дар ин тасвири шоирона воқеан як тазоҳури муқаддас аз чор унсури азал аст, ки бе он зиндагӣ сард хоҳад буд.
Шоир тасвирҳоеро аз рӯзгор, аз ҳаёти рӯзмарраи зан оварда, ба онҳо маъниҳои барҷастаи шоирона мебахшад:
Лахчаро мекард зан дар зери хокистар ниҳон,
То намонад бе алав дигар танӯру ошдон.
Дар танӯр оташ агар гулхан шавад, рухсори зан
Сурх мегардад чу кулча, ё ба мисли гарм нон.
Аммо ин тасвир тасвири муқаррарӣ ва ин сухан сухани одӣ нест, дар ин ҷо ҳар вожа рамзест, ки маънои таҳтонӣ дорад.
«Лахчаро дар зери оташ ниҳон доштан» маҳфуз доштани ҳама суннату оинҳо, маърифату одобу фазилат ва дигар хуҷастагиҳои миллии мост, ки ин рисолати бузургро маҳз модар бар уҳда гирифтааст. «Бе алав намондани танӯру оташдон» пойдор доштани набзи ҳаёту зиндагӣ дар хонадони тоҷик аст, ки низ ба шарофати заҳматҳои модар аст. «Оташ дар танӯр» меҳру муҳаббати модари тоҷик аст, ки гарму сард, хому пухтаи рӯзгори мо низ вобастаи он аст. Сурхии рухсори зан чун кулча ё ба мисли нони гарм гуфтани шоир низ ишораи рамзӣ ба сарбаландию хушбахтии модари тоҷик аст.
Ва шеъри устод Турсунзода ба тасвиру маънидоди зан, мақоми ӯ, таъриху саргузашти ӯ, то расидан ба озодӣ чи роҳеро тай карданаш рӯшноиҳо меандозад:
Ба ёд орам замонеро, ки ту хомӯш ҳам будӣ,
Парешон дар паси деворҳо рӯпӯш ҳам будӣ,
Ғарибу бенавову кӯҳи ғам дар дӯш ҳам будӣ,
Намуда даст оташкобу мӯ ҷорӯб дар хона,
Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона.
Чӣ қадар фоҷиае ва машаққате баён мешавад дар тасвири «даст оташкобу мӯ ҷорӯб».
Симои зани имрӯзаи тоҷик низ бори аввал дар шеъри устод Турсунзода бо ҳадафу маъниҳои ҳаётӣ ба тасвир меояд:
Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс,
Дар фазои зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Аз замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.
Як падидаи дурахшон дар шеърҳои ба зан-модар бахшидаи Мирзо Турсунзода дар он зоҳир мешавад, ки ӯ дар ин тасвирҳо аз суннату амал ва рисолати модарии зани тоҷик наворҳои зебо ва маънидори шоирона месозад ва ба ин васила симои воқеии хирадмандонаи ӯро пеши назари мо меорад, аз қабили:
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.
Гар намеомӯхтем аз зан роҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.
Бале, ин тасвири фазилати зан-модар тоҷик аст ва шоир барои барҷастагии тасвир, чунончи аз суннати зебои халқии ба чашми тифл дӯшидани шир хеле зебо ва бамаврид истифода бурдаааст.
Бояд гуфт, ки мақоми Мирзо Турсунзода дар шинохти зан мақомест хеле ҷавонмардона. Аз ин рӯ вақте сухан аз зан меравад, ӯ дар ҷамъбасти сухан муроҷиат ба мардон мекунад:
Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.
Ва назари Мирзо Турсунзода ба мавзуи зан ба андешаи жарфтар фурӯ меравад, ӯ занро ҳамрадифи Замин мебинад, ки инҳо ҳарду сарчашмаи ҳаётанд:
Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом,
Беҳ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин.
Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон,
Бӯи зан ояд машомамро зи ақсои замин.
Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд,
З-ин сабаб гӯем занро маҳфилорои замин.
Ҳокимият гар ба дасти зан саросар мегузашт,
Мардҳоро бештар буд кайфи дунёи замин.
Ва оқибат бояд гуфт, ки мавзуи зани озоди тоҷик мавзуи воқеан нав дар шеъри муосири мо буд, ки маҳз устод Турсунзода тавонист ба он пероҳани муҷаллои бадеӣ бипӯшонад. Ва ин сатрҳои машҳур ва дар замони худ вирди забони устод Турсунзода метавонанд гувоҳи бебаҳси нақши бузурги Мирзо Турсунзода дар офариниши симои зани озоди тоҷик бошанд, ки мисли шиор пешгоми ҳаракати озодиҷӯёнаи занони тоҷик гардидааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Ҳеҷ коре нест бе зан хуб шуд,
Ифтихоре нест бе зан хуб шуд.
Тозагониҳои шоирона дар модарномаи устод Мирзо Турсунзода
Мо дидем, ки тасвирҳои шоиронаи устод Мирзо Турсунзода дар мавзуи занон ҳама тозагиҳое доштанд, ки бори аввал дар навори шеър омадаанд. Чунин навовариҳо ва тозагониҳоро мо дар ашъори бахшида ба модари устод боз ҳам бештар мебинем.
Маҳз Мирзо Турсунзода дар симои зан-модари тоҷик як олиҳаи осмониеро мебинад, ки ба замини муқаддас, ба рӯзгори мо файзу фараҳу баракат овардааст. Ва мушоҳидаҳои ӯ ҳама заминаҳои қавии ҳаётӣ дошта, бебаҳсанд. Дар шеъри «Дасти модар» тавассути тасвири танҳо дасти пурэъҷози модар тамоми хидматҳои шоистаи модар, хуҷастагиҳои бесобиқаву корномаҳои мардона, сифатҳову заҳматҳои шоистаи зан-модари тоҷикро чунин шоирона ба навор меовараду фаро мегирад:
Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Қасрҳову кӯшкҳо андохтӣ.
Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин.
Бо ҳамон дасте,ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб.
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ …
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ…
Чӣ гуна воқеан равону форам, фараҳбахш ва содаву самимона, аммо пур аз маъниҳои баланд ва тасвирҳои олӣ, чун навозиши воқеии дастони ҳалими модар ин мисраъҳо ба дилу равони мо нармиву гармӣ ва ҳаловат мебахшанд.
Овардани танҳо ду шеъри устод Мирзо Турсунзода, ки кайҳо вирди забони мардум шудаанду беҳтарин таронаҳо дар бузургдошти модари тоҷиканд, шеърҳои «Модарам» ва «Дили модар» кифоятанд собит шавад, ки бори аввал дар назми муосири мо маҳз устод Турсунзода симои наву муассиру воқеии модари тоҷикро бо ҳама армонҳои модару фарзанд навоварона бо ҳикояту тасвир ба қалам додааст.
Шеъри «Модарам» бо нахустин баёнҳои пурэҳтирос аз мағзи дилу ҷигар мегирад:
Тифл мондам аз ту модар, рӯи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест…
ва моро вориди олами ҳузнангези ҳастии шоир мегардонад.
Дар чанд қитъа шеъри кӯчак як драмаи бузурги зиндагӣ бо ҳама наворҳои рӯзгор таҷассум ёфтааст. «Ҷустуҷӯ аз занҳои пири деҳа, санги мазори модар», «гӯш додан ба ҷунбиши ҳар як шохи дарахт», «рӯ ба рӯ омадан бо гиёҳу сабзаҳои дашт ва ҳамаи онҳое, ки шоҳиди ҳастии модар буданд»… чӣ қадар бадеият ва фоҷиаи марги модарро афзун месозанд ин манзараҳо. Ин ҳунари волои шоирии Турсунзода аст, ки табиатро чунин боварибахш ва муассир ба сухан медарорад:
Рӯд мегуфтам, ки ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман кӯшида буд.
Ғӯза мегуфтам, ки карбоси маро пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав ҷӯшида буд.
Ва ҳамроҳи тасвири табиат ҳашамати модар бештару бештар падидор мегардад ва меҳру муҳаббати ӯ пурҷилотар, таъсирбахштар намудор мешавад:
Чашма мегуфтам,
Ки: омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки: пояш кард захмин неши ман.
Барқ мегуфто, ки: аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки: буд дар гиряи ман хеши ман.
Ва ин услуби навоваронаи муколама бо табиат, ба забон даровардани рӯду кӯҳу ғӯзаву чашмаву хору барқу абр чи қадар табиисту самимият ба шеър мебахшад ва онро пуртасвир месозад.
Ва шоир ба чунин шеъри дардноку пурфоҷиа аҷаб ҷамъбасти руҳафзо меёбад ва боз ҳам гувоҳи руҳи қавиву баланд ва лотасхири Мирзо Турсунзода аст, ки ҳатто аз торикии фоҷиаи муассири инсонӣ нуру рӯшноӣ ба каф берун мебарояд:
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
Шеъри дигари устод Мирзо Турсунзода, ки «Дили модар» ном дорад, дар асл як тасвири бегазанд, як муҷассамаи воқеии симои модари тоҷик бо тамоми бузургӣ, дарду фоҷиаҳои таърихӣ, симои қаҳрамонона, таҳаммул ва хиради бузурги азалист, ки бо рангҳои нозудуданӣ, бо тасвирҳои таъсирбахшу мондагор эҷод гардидааст.
Ва баёну забону ҳунари Мирзо Турсунзодавор ин шеърро дар ҳадди саҳли мумтанеъ чунон нигошта, ки наметавон онро бо як хондан аз бар накард:
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд,
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд…
Чунин тарзи ғайричашмдошт ва тозаи баён, ки як олам маъно ва фоҷиаҳои зиндагиро ба ин содагиву равшании баён фаро мегирад, низ маҳсули табъи саршори устод Турсунзода аст.
Тараннуми ишқи мондагор дар шеъри мондагори Мирзо Турсунзода
Табиист, ки шоире бо чунин эҳсосоти самимию баланд нисбат ба зан-модар наметавонад ошиқ набошад. Мирзо Турсунзода шоири бо тамоми вуҷуд ошиқ аст. Аммо ишқи Турсунзода он қадар пок, он қадар беолоиш ва ҳатто, метавон гуфт, муқаддас аст, ки ҳатто ҷои баҳс надорад. Худи ҳамин достони машҳуру оламшумули «Ҷони ширин»-и ӯ, ки қаҳрамони асосиаш ҳамсари шоир аст, гувоҳи сиришти мусаффои ошиқонаи ӯст ва намунаи барҷастаи садоқат ба зан — ҳамсар аст.
Бо ҳама мавқеи баланди сиёсиву адабиву ҷамъиятие, ки Мирзо Турсунзода дошт, вақте ки аз ишқ сухан мекард, вақте ки ибрози муҳаббат дошту рози дил мегуфт, ин муҳаббат аз дили ӯ чунон мусаффо чун чашмаҳои зулол ҷорӣ мегардид, ки пеши назар инсоне бо самимияти софи кӯдакона зуҳур мекард.
Аз шеърҳои ошиқонаи Мирзо Турсунзода бӯи меҳр, бӯи эҳтиром, бӯи садоқати баланди инсонӣ ва муҳаббати воқеии беғаразона ба зан, ба ҷинси латифу зебо ба машом мерасад. Мо бо ибрози ин самимият, садоқат ва муҳаббат дар симои қаҳрамонони достонҳои ӯ бисёр рӯ ба рӯ омадаем. Аммо дар мавриди шеърҳои ошиқонаи Мирзо Турсунзода, баъзе вежагиҳои хуҷастаи он метавон каме баёни андеша намуд.
Дар ин маврид эҳсосоти шоир воқеан табиӣ, содаву шоиронаанд. Чанд мисол:
Ба ёд орам баҳореро, ки ҳарду лола мечидем,
Ба ғайр аз рӯи ҳамдигар мо чизе намедидем.
Воқеан мушоҳида ва тасвири ҳолати зебои шоирона аст, зеро чашми ошиқ фақат ёрро меҷӯяд ва ошиқон ба ҷуз ҳамдигар касеро намебинанд. Ва ё мисолҳои зер:
Ту тозон сӯи дар меомадию боз дар мешуд,
Дамиданҳои субҳ аз омаданҳои ту сар мешуд.
Воқеан бо омадани ёр ба рӯи ошиқ ҳама дарҳо боз мешаванду омадани ӯ субҳи тозаи зиндагиро ба рӯи кас мекушояд.
Ва ё байти дигаре бе шарҳ:
Рухат медидаму мерафт аз ёдам ҳама дардам,
Дигар ман ҳеҷ парво аз ғами дунё намекардам.
Шеърҳои ошиқонаи Мирзо Турсунзода, илова бар он ки тасвирҳои зебои шоирона доранд, боз бисёр содаву тозаву беғуборанд:
Намонд тоқати дурию дар суроғат ман,
Худат бигӯ, ки туро дар куҷо, чӣ сон бинам?
Тасвирҳои ошиқонаи устод илова бар содагию баёни равшан доштан табиӣ ва дилангезанд:
Қадат он қадр, ҷонон, лаҳзаи рафтор мезебад,
Ки баҳри пойандозат фақат гулзор мезебад.
Ту механдию гул сад бор мегардад фидои ту,
Ту лаб во мекунию лаъл миннатдор, мезебад.
Дами рақсиданат атрофи мӯят зулф овезон,
Ба гирди хирмани гул боғи сунбулзор мезебад…
Ва лутфҳое чунин:
Гар ҷон талабӣ, зуд талаб кун, ки ба роҳат
Ҷон бахшаму аммо ба ғами ҷони ту бошам.
Ва ҳолатҳое, ки воқеан табиию боваркарданиянд:
Туро бинам агар дар рӯбарӯям,
Намедонам, ки аз шодӣ чӣ гӯям.
Ба рақс ояд дилам аз шавқи васлат,
Нафас печида монад дар гулӯям.
***
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
Шеъри машҳури «Ҳамин кофист»-ро метавон савганди ошиқон, савганди вафодориву ҳамсарӣ номид. Ва устод Мирзо Турсунзода тамоми масъулият, ҷиддияти лаҳзаи муқаддаси ҳаёт — хонадоршавиро дар байте тавониста ҳукми ҷамъбастӣ бахшад, ки ҷиддитару қавитару масъулиятбахштар аз он наметавон гуфт:
Навиштам, пахш кардам мӯҳр,
мондам даст бе гуфтор
Ҳаётамро,
Мамотамро ба номат ман, ҳамин кофист.
«Ситораи ман» яке аз дурахшонтарин шеъри ошиқонаи устод Турсунзода аст. Дар мавриди шабу ситоразор ва эҳсоси ошиқона шоирон то Мирзо Турсунзода низ шеърҳои зиёде гуфта буданд, аммо устод тавонист дар тасвири ин манзараву ин ҳолат бозёфти нави шоирона кунад:
Шаб надидам туро, Ситораи ман,
Шуълавар дар само, ситораи ман,
Дар қатори ситораҳои фазо
Бе ту кардам хато, ситораи ман!
Бозёфти тозаи шоирона дар байти дуюм аст. Яъне ҳазорон ситора дар осмон ҳаст, аммо бе ситораи рӯи ёр як осмон ситоразор ҳам кам аст, ё ноқис аст. Шоир бо ин тасвири олиҷаноб воқеан бебаҳс тавониста ба маъшуқаи худ мақоми ситораро бидиҳад.
Як вежагии дигари ҳунарии Мирзо Турсунзода дар ин шеър дар истифодаи таъбири «гардани хобро шикастан» падидор мешавад, ки истифодаи ин таъбири халқии тоҷикӣ дар шеър ҳам тозаву ҳам шоирона аст.
Аз дурахши ҳунари устод Мирзо Турсунзода дар ашъори ошиқонаи ӯ бори дигар метавон аз он шеъри зебои ошиқонаи ӯ, ки дар он тасвир дар тасвир медурахшад, ёдовар шуд, ки ин аст:
Даме ки дилбарам монанди гул хандида меояд,
Умеди тоза дар дил, нури нав дар дида меояд.
Танашро дода бо пероҳани абрешимин оро,
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.
Воқеан печидани гул дар барги гулро мебинеду ба ин тасвир бовар мекунед ва ин ҳунари баланди шоирии устод Турсунзода аст.
Чунин тасвирҳои зебо ва ифодаҳои ҷолиби шоирона дар бозгӯи ҳолатҳои ошиқонаи шеърҳои Мирзо Турсунзода кам нестанд. Масалан:
Монанди раъду барқе бо абрҳо ситезам,
Чун буттаҳои сарсабз аз мағзи санг хезам,
Аз фарқи кӯҳсорон чун шаршара бирезам…
Аз хеш қатраҳоро ҳар сӯ ҳаво диҳам ман…
Устод Турсунзода бо тамоми вуҷуд, бо қатъият мехоҳад ба майдони ишқ ворид шавад, ӯ дар ин ҷода мусолиҳа ва ё мулоҳиза надорад, нимакораву нимароҳа нест:
Ҷӯшидаву дамида, ноорамида ин дил,
Чун мавҷҳои дарё сарро занад ба соҳил,
Дар хоку хун тапида, монанди мурғи бисмил,
Ё маҳви ишқ гардад, ё ки ба васл моил.
Ва шоир бо итминон таъкид мекунад, ки:
Ин он мароми ман буд,
Рабти низоми ман буд.
Хоби ҳароми ман буд,
Шӯру қиёми ман буд!
Эҳсос мекунед, қатъияти боэътимоди амри шоирро дар ҷодаҳои на осони ишқ!?
Шеъри ҷолиби дигар, ки лабрези эҳсосоти ошиқона аст, «Садои пошна» ном дорад. Шоир як ҳолати ғайримуқаррарии ошиқонаро аз шунидани садои пошнаи ёр тасвири пурэҳтироси шоирона мебахшад. Дар тасвири ҳунармандонаи шоир ин садои пошна чӣ қадар нишот дорад, мисли садои мусиқиест, ки дилро ба рақс меоварад:
Дар хиёбон чун ба гӯш омад садои пошна,
Дил ба рақсидан даромад дар ҳавои пошна,
По ниҳодам беҳушона бо нидои пошна,
Нақши поро дидаму тасдиқ кардам, ки туӣ.
Ва бубинед, чӣ тасвири зебои шоирона ва баёни ошиқона меояд баъд аз он:
Аз қадамҳоят ҳаёти шаҳр гул-гул мешукуфт,
Соҳили дарёву кӯлу наҳр гул-гул мешукуфт,
Дар гумонам, ки тамоми даҳр гул-гул мешукуфт,
Шодмон гардидаму тасдиқ кардам, ки туӣ.
Тасвир идома меёбад ва дар рӯ ба рӯи мо ҳар тасвир бадеияти комил дорад:
Ту чи сон зебо шудӣ, озод қад афрохтӣ,
Бофта чил кокулат бар тахтапушт андохтӣ,
Куртаи атлас ба ранги рӯ мувофиқ сохтӣ,
Хуб ҳам санҷидаму тасдиқ кардам, ки туӣ.
Ва шоир дар поёни шеър ба ҳадаф наздик мешаваду шеър чунин ҷамъбаст меёбад:
Дар замоне, ки ба он имрӯз по бигзоштӣ,
Аз раву оят ба ҳар ҷо зебу зинат доштӣ,
Офарин бодо туро, ин қадр ҳиммат доштӣ,
Гул зи боғат чидаму тасдиқ кардам, ки туӣ.
Устод Мирзо Турсунзода дар тасвирҳои ошиқонаи худ бар зидди умумигӯиҳои шоирони замон ба тасвиру тафсили мушаххастарин ҷузъиёт рӯ меорад, мисли кокули бофта, кокули бурида, садои пошна, чашми нилупарварида ва ғайра. Ва ҳар манзара пайванде бо муҳит ва ҳавои рӯзгор дорад:
Биё, эй дилбари кокулбурида, интизорат ман,
Биё, эй чашми нилупарварида, интизорат ман,
Биё абрӯю мижгони хамида, интизорат ман,
Биё хонам ба гӯши ту суруди кӯҳсоронро!
Ва ҳаргиз нигоҳи шоиронаи Мирзо Турсунзода танҳо бо тасвири дилбар маҳдуд намемонад ва пайванде бо муҳит, бо замон ва табиат дорад. Ин сифат шеъри ӯро таъсирбахшу ҷаззоб мегардонад:
Агар ёбам ба рӯи барфи ҷангал нақши поятро,
Агар орад ба гӯшам боди саҳроӣ садоятро,
Агар аз бӯи барги коҷ бишносам ҳавоятро,
Бигӯям: сабр кун, ҳоло наё! –фасли баҳоронро.
Ин шеъри зебо «Нақши пой» ном дошта, маълум аст, ки ба духтари рус, дар иқлиму зимистони ҷангали рус гуфта шудааст. Чунин шеърҳои ошиқонаро мо дар силсилаҳои дигари шеърҳои шоир, аз ҷумла дар мавзуъҳои байналмилалӣ низ мебинем. Зеро ба қавли худи шоир:
Шоири бе ишқ мурғи бепар аст,
Беҳарорат моҳу бе ҷон пайкар аст.
Шоиронро ишқ ҳотам мекунад,
Сарбаланди рӯи олам мекунад.
Шахсияти устод Мирзо Турсунзода шахсияти ҷаҳонӣ буд ва ишқи поку зулоли тоҷикии ӯ низ фарогири ҳама зебоиҳои олам гардид. Шеърҳои «Духтари узбек», «Тара Чандрӣ» ва даҳҳои дигар маҳсули ҳамин назари поки ошиқона ва ниятҳои неку зебоишиноси шоиранд. Муҳаббати Мирзо Турсунзода муҳаббати фарогир аст, ишқи ӯ фаротар аз ишқи муқаррарист, ин ишқест, ки қитъаҳоро ба ҳам васл мекунад ва одамонро бо ҳам дӯст мегардонад.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ЯК ҶАВОН — ЯК ДАРАХТ». Ин ташаббус ба ҳифзи табиат, ҷомеа ва ояндаи сабзи Тоҷикистон равона шудааст
«Шинохти мақому манзалати зан-модари тоҷик ин шинохти миллат аст», — бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи рушди маҳал
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид






