26 апрел даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад

Апрель 22, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел, соати 09:00 дар Боғи Куруши Кабир даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» баргузор гардида, маросими ҷоизасупории он дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ғолибони фестивал бо Шоҳҷоиза (Гран-при), дипломҳои дараҷаи 1, 2, 3 ва шахсони ташаббускор, роҳбарони корхона, муассиса ва дигар ташкилот, ки дар он фаъолона иштирок менамоянд, бо «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешаванд.

Фестивали ҷумҳуриявии гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» аз рӯи 10 номинатсия: «Гулпарвари беҳтарин», «Гулгашт ва хиёбон», «Боғҳои фарҳангию фароғатӣ», «Деҳаи беҳтарин», «Маҳаллаи беҳтарин», «Деҳоти беҳтарин», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Вилояти беҳтарин» баргузор мегардад. Ҳадаф аз баргузории фестивал вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар сокини мамлакат ва маърифати экологӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ мебошад.

Барои баргузории Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» Кумитаи рушди маҳал, вазоратҳои кишоварзӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангал, кумитаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, телевизион ва радио, рушди сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, иттифоқи нависандагон, дизайнерон ва рассомон вазифадор гардидаанд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани ин фестивал дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе дар мавсими нави ниҳолшинонӣ 3 миллиону 999 ҳазору 630 дона гули лола шинонида шудааст.

Ҳадаф аз баргузории Фестивали «Сайри гули лола» эҳёи анъанаҳои ниёгон дар самти эҳтиром нисбат ба зебоӣ, ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф, бедор намудани муҳаббати аҳолӣ ба гулпарварӣ, ҳифзи мероси табиӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят, ҷумҳурӣ ва дар ин замина ҷалби сайёҳону рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мебошад.

Тибқи иттилои таърихшиносон, нақши гули лола дар қадимтарин осори бостонӣ ба назар мерасад. Қадимӣ будани нақши лола дар мӯҳрҳои сангӣ ва биринҷие, ки сабт шудаанд, беш аз 20 аср пеш аз мелодро ташкил медиҳад. Дар асрҳои 3-5 мелодӣ нақши гули лола дар зарфҳои нуқрагин ва муҳрҳо бо се гулбарг ба тасвир кашида шудааст.

Фестивал мувофиқи Амри Президенти мамлакат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали гулҳо- «Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии Кумитаи рушди маҳал мукофотонида мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд