35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди корхонаҳои хурду бузург дар Панҷакент ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд мешавад
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд. Инчунин дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат –саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд.
Дар шаҳри Панҷакент бунёди Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ идома дошта, корҳои сохтмонӣ дар он тибқи нақша вусъат меёбанд. Дар ҳудуди боғ пайкараи Ҳаким Фирдавсӣ гузошта шуда, ҳамзамон гулгаштҳо ва маконҳои муосири истироҳатӣ бунёд мегарданд.
Дар шаҳри Панҷакент Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «БРОАДТЕК» фаъолият мекунад. Ба иттилои масъулин, дар баробари такмили фаъолияти истеҳсолӣ, дар ҳудуди корхона бунёди коргоҳи нав барои коркарди пурраи ашёи хом пешбинӣ шудааст. Барои татбиқи ин лоиҳа сармоягузорӣ дар ҳаҷми 400 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Иқтидори корхона то 300 тонна коркарди маъдан дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад.
Инчунин тибқи лоиҳаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Канзи диёр» дар деҳоти Моғиён дар заминаи захираҳои кашфшудаи маъдан корхонаи истеҳсоли сурма бунёд карда мешавад. Ҳаҷми сармоягузорӣ 500 миллион сомонӣ буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 500 ҷойи нави кор таъсис меёбад. Иқтидори корхона 2000 тонна коркарди маъдан дар як шабонарӯзро ташкил хоҳад дод.
Дар айни замон ширкат ба бунёди инфрасохтори зарурӣ машғул буда, сохтмони ду шаҳраки истиқоматӣ барои кормандони муҳандисию техникӣ ва коргарон идома дорад. Дар онҳо тамоми шароити зарурии зист фароҳам оварда мешавад.
Дар шаҳри Панҷакент бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ҳафткӯл» ва иқдоми соҳибкори корхонаи саноатӣ сохта мешавад. Дар доираи лоиҳа корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва коргоҳи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис ёфта, истеҳсоли оби бегаз, оби газдор ва шарбатҳо бо технологияҳои муосир ба роҳ монда мешавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхона 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои пешрафта ворид ва насб гардида, тибқи нақша корҳои сохтмонӣ соли равон ба анҷом мерасанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2026 дар деҳоти Панҷакент дар 2500 гектар картошка кишт карда мешавад. Таъкид гардид, ки истифодаи тухмии хушсифат ва ба иқлими минтақа мувофиқ, инчунин анҷом додани кишт дар муҳлатҳои оптималӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон аҳамияти калон дорад.
Дар ҳамин мавзеъ боғи нав бунёд мегардад. Дар марҳилаи аввал дар 5 гектар ва дар маҷмуъ дар 15 гектар токзор бунёд мегардад. Таъкид шуд, ки бунёди токзор бо истифода аз тавсияҳои мутахассисон ва таҷрибаи пешрафта амалӣ карда мешавад.
Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар деҳаи Гулистони шаҳри Панҷакент барои муҳоҷирони экологӣ маҳаллаи нав бунёд шуда истодааст. Корҳои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва фароҳамсозии инфрасохтори зарурӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми ташкилоти ҷамъиятии «Фонди хайриявии Тоҷикистон» амалӣ мегардад.
Дар деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ корҳои сохтмонӣ дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 идома дорад. Бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав, навсозии иншооти таъмирталаб ва сохтмони биноҳои иловагӣ идома дорад. Танҳо дар доираи 14 лоиҳаи пешниҳодшуда беш аз 12 ҳазор ҷойи нишаст дар ду баст фароҳам мегардад.
Ҳамчунин дар деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Шинг бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт. Кӯдакистон барои 100 нафар пешбинӣ шуда, бо тамоми шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон таъмин гардидааст. Бунёди чунин муассисаҳо, бахусус дар деҳоти дурдаст аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.
Инчунин дар маркази шаҳри Панҷакент бунёди муассисаи таҳсилоти томактабӣ оғоз гардид. Тибқи лоиҳа, кӯдакистон барои то 500 нафар пешбинӣ шуда, бо тамоми шароити замонавӣ, аз ҷумла ҳавзи шиноварӣ сохта мешавад.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Некноти нави шаҳри Панҷакент хати оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор гирифт. Тибқи иттилои масъулин, он аз ҷониби шарикони рушд ва саҳми сокинон бо харҷи беш аз 1 миллиону 820 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид. Дар натиҷа 1300 нафар аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намуд. Татбиқкунандагони лоиҳа нақша доранд дар чор деҳаи дигар низ чунин ташаббусҳои муҳими иҷтимоиро амалӣ намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад






