35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд

Апрель 11, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи пойтахт (шанбеи сеюми моҳи апрел) дар тамоми вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе воқеъ гардидаанд, ҳашари тозаву озода сохтани саҳн ва атрофи биноҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандон дастаҷамъона бехи дарахтонро нарм сохта, атрофи гулу буттаҳои ороиширо аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Иштирокчиёни ҳашар иброз доштанд, ки «то рӯзҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст. Ҳар яки мо бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ, бояд пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намоем. Имрӯз атрофи бинои вазоратро тозаю озода гардонидем».

«Пагоҳ ин амал-корҳои тозаю озода сохтанро дар хона, кӯча ва маҳаллҳои зистамон идома медиҳем. Мо, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд ин санаи муқаддасро дар сатҳи баланд пешвоз гирем», -иброз доштанд онҳо.

Боиси ифтихор аст, ки раванди корҳои ободонӣ ва тозакорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишвар то дурдасттарин деҳоти онро фаро гирифтааст.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид