44 ҲОДИСАИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР ДУШАНБЕ. Бо мақсади коҳиши сатҳи садаманокӣ амалиёти «Пиёдагард» доир мешавад

Апрель 14, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел дар шаҳри Душанбе бо мақсади бехатарии шаҳрвандон-пиёдагардон, риояи қоидаҳои роҳ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти мақсадноки  «Пиёдагард» оғоз гардид, ки то 23 апрел идома меёбад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват карда мешаванд, ки дар гузаронидани амалиёти «Пиёдагард» фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.

Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ, дар се моҳи соли 2026 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 44 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуд, ки аз ин шумора 32 ҳолати онро зеркунии пиёдагардон ташкил медиҳанд. Дар натиҷаи ин садамаҳо 6 пиёдагард ба ҳалокат расида, 26 пиёдагарди дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.

Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар аксар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр пиёдагардон низ ҳангоми гузаштани роҳ дидаю дониста, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон мекунанд. Ин дар ҳолатест, ки дар роҳҳои мамлакат аломатҳои қоидаҳои ҳаракат дар роҳ насб гардидаанду гузаргоҳҳои зеризаминӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Дар аксар роҳҳои мошингарди пойтахт гузаргоҳҳои зеризаминӣ мавҷуданд, вале бархе сокинон онҳоро сарфи назар намуда, ҳаёти худ ва кӯдаконро дар хатар гузошта, роҳро дар ҷойи муқаррарнашуда убур мекунанд. Бар замми ин, гулзору сабзазори сари роҳҳоро поймол мекунанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ бар он назар аст, ки дар айни ҳол ягона роҳи ислоҳи ин масъала баланд бардоштани ҳаҷми ҷаримаи маъмурӣ мебошад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод менамояд, ки пиёдагардоне, ки роҳи мошингардро аз ҷойҳои номуайян убур мекунанд, ҷарима баста шаванд. Инчунин аксҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шаванд, то дигарон ибрат гирифта, ин амали хатарноки онҳоро такрор накунанд.

Бояд гуфт, ки мутобиқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд, ки барои таъмини амнияти бехатарӣ дар роҳҳо қоидаҳои муқарраргардидаи ҳаракатро қатъиян риоя намоянд. Тавре дар ин санад омадааст, ҳар иштирокчии ҳаракат дар роҳ бояд шароити бехатарро таъмин намояд ва бо амали худ ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ монеа эҷод накунад ё зарар нарасонад.

Инчунин тибқи ин қонун дар ҳолати расонидани зарар ба дигарон иштирокчии ҳаракат уҳдадор аст зарари расонидаро мутобиқи қонунгузории амалкунанда ҷуброн намояд.

Аз ин рӯ, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ на танҳо уҳдадории ҳуқуқӣ, балки нишонаи эҳтиром ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон мебошад.

Мақомоти дахлдор ҳамеша даъват мекунанд, ки ҳар  иштирокчии ҳаракат ҳисси масъулиятро боло бурда, дар роҳҳо қоидаҳои муқарраршударо дақиқ риоя намояд.

Мутаасифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бархе ронандагон ва пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, ки ин боиси нигаронии мақомот ва ҷомеа мегардад.

Бо назардошти афзоиши ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон дар ҳудуди шаҳри Душанбе зарур аст, ки ронандагон ва пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд.

Мутахассисон ва мақомоти дахлдор таъкид менамоянд, ки бехатарии роҳ танҳо дар мавриде таъмин мегардад, ки ҳар шаҳрванд ҳисси масъулияти шахсиро дарк намуда, қоидаҳоро новобаста аз ҳолат ҳатман риоя кунад.

Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ кафолати ҳаёт, саломатӣ ва оромии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар иштирокчии ҳаракат бояд ҳамеша дар роҳ эҳтиёткор бошад, барои дигарон монеа эҷод накунад ва дар таъмини амнияти ҷамъиятӣ саҳм гузорад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Апрель 14, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд