Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар шаҳри Вашингтон якчанд вохӯрии сатҳи баланд анҷом дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Аз ҷумла, 14 апрели соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани вохӯрӣ намуд.
Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ, инчунин масоили ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуд. Изҳор гардид, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамчун шарики калидии стратегӣ дар пешбурди ислоҳоти сохторӣ, рушди инфрасохтор, таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва таъмини рушди устувору фарогири иқтисоди Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.
Аз ҷумла, ҳамкории муваффақ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми энергетикӣ, бахусус Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун омили асосии таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди иқтисоди «сабз» таъкид гардид.
Зимни муаррифии вазъи макроиқтисодӣ иброз шуд, ки ислоҳоти пай дар пай ва дастгирии шарикони байналмилалӣ ба таҳкими суботи макроиқтисодӣ ва нигоҳ доштани суръати баланди рушди иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар ду моҳи аввали соли 2026 ба 8 фоиз расид. Ҳамзамон рушди босуръати бахши бонкӣ ва рақамисозии хизматрасониҳои молиявӣ, аз ҷумла афзоиши пардохтҳои ғайринақдӣ ва васеъ гардидани истифодаи воситаҳои муосири пардохт ҳамчун нишондиҳандаи муҳимми таҳаввулоти низоми молиявӣ арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши ҳамкориро дар самтҳои молияи сабз, рушди устувор, рақамисозии бахши молиявӣ ва тақвияти фарогирии молиявӣ баррасӣ намуда, барои идомаи ҳамкории созанда ва дарозмуддат изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






