«ҲАМКОРӢ–2026». Дар Хатлон машқҳои муштараки стратегӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 6 то 10 апрел дар машқгоҳи «Ҳарбмайдон»-и гарнизони вилояти Хатлон машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии «Ҳамкорӣ–2026» бо иштироки қӯшунҳо ва ҷузъу томи сохторҳои қудратии ин минтақа баргузор гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки машқҳо дар асоси барномаи бурдани амалиёти махсус барои безараргардонии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ҳангоми убури сарҳади давлатӣ бо истифода аз техникаю таҷҳизоти муосири ҳарбӣ, аз ҷумла дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, воситаҳои муҳорибаи радиоэлектронӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар шароити кӯҳсор гузаронида шуданд. Даври ниҳоии машқҳо бо баргузории тамринҳои баталионӣ-тактикӣ ва тирпаронии ҷангӣ анҷом ёфт.
Дар ҷамъомади тантанавӣ, ки ба муносибати анҷоми муваффақонаи машқҳои навбатӣ доир гардид, Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Собизода иброз дошт, ки мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ва баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ хизматчиёни ҳарбӣ ғамхорию дастгирии Сарвари давлатро пайваста эҳсос менамоянд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои мавҷуда Вазорати мудофиа дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои қудратии мамлакат барои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ҳимояи якпорчагии давлат тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Дар анҷом барои иштироки фаъолона дар машқҳои муштараки ҳарбӣ як зумра иштирокчиён бо Сипоснома, медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






