АНОРПАРВАРӢ. Дар Тоҷикистон 2026 гектар боғи мевадиҳандаи анор мавҷуд аст
ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ дар Тоҷикистон 2496 гектар боғи анор мавҷуд аст, ки аз он 2026 гектараш мевадиҳанда мебошад.
Тавре дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, анорпарварӣ яке аз самтҳои муҳими кишоварзии мамлакат ба шумор меравад. Он барои рушди содирот ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат аҳамияти калон дорад. Дар бештари минтақаҳои мамлакати мо дарахти анор парвариш меёбад. Аммо меваи анори минтақаи Норак аз ҷиҳати таъм ва сифат аз дигар минтақаҳо фарқ мекунад.
«Дар бештари минтақаҳои мамлакат дар фасли зимистон аз ҳарорати пасти ҳаво дарахтони анорро сард мезанад. Дар минтақаи Норак дарахтони анор аз ҳарорати пасти ҳаво осеб намебинанд. Зеро дар атрофи ин минтақа баҳри Норак буда, аз байни шаҳр дарёи калон мегузарад. Дар вақти ҳаракати об аз он гармӣ хориҷ мешавад, ки ин барои парвариши анор мусоид мебошад»,-афзуд ҳамсуҳбати мо.
Иброз гардид, ки дар айни замон дар боғҳои анор нармкунии байни қатор ва бо об таъмин кардани ниҳолҳо идома дорад. Гуфта шуд, ки дар ин минтақа ниҳолҳои анорро, агар дар қуттиҳои махсус парвариш ёфта бошанд, тамоми фасли сол шинонидан мумкин аст.
Ба иттилои мутахассисони соҳаи тиб, меваи анор аз қанд ва витамини С бой буда, дорои моддаҳои маъданӣ ва микроэлементҳо, ба монанди калтсий, калий, марган ва натрий мебошад. Меваҳо то 60 фоиз шарбат доранд. Шарбати анор барои камхунӣ, қиёми пӯсташ барои сӯхтагӣ ва касалиҳои меъда муфид аст. Меваҳои дорои 0,9 фоиз кислотаи лимӯӣ ширин, аз 0,9 то 1,8 фисад ширин-турш ва зиёда аз 1,8 фоиз турш ҳисобида мешаванд. Навъҳои беҳтарин аз 0,9 фоиз то 1,8 фоиз кислотаи лимӯ ва ҳадди ақалл 12 фоиз қанд доранд.
Аз як дарахти анор 50-60 килограмм ҳосил гирифтан мумкин аст. Дарахти анор аз 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз намуда, аз 5 то 35 сол ҳосил медиҳад. Анор ба дарахтони тезҳосилдиҳанда мансуб аст. Меваи онро аз соли дуюми баъди шинонидан чидан мумкин аст.
Давраи ҳосилдиҳии анор аз усули зиёдкунӣ вобаста аст. Агар анор ба воситаи тухм зиёд карда шавад, дар 3-солагӣ ба ҳосилдиҳӣ оғоз мекунад, агар аз қаламча зиёд карда шавад, дар соли дуюми баъди шинонидан ҳосил медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд






