Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи илми тоҷик ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, пеш аз оғози ҳамоиш олимону донишмандон ба оромгоҳи шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, аз ҷумла Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ ва дигарон рафта, бо гузоштани гулчанбару гулдастаҳо хотири онҳоро гиромӣ доштанд.
Сипас дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамоиш оғоз гардид.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдулозода иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо нақши илм дар таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ рӯз ба рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, татбиқи самараноки дастовардҳои илмӣ дар иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад заминаи устувори рушди минбаъдаи мамлакатро таъмин намояд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода баён намуд, ки илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо назардошти аҳамияти хоссаи ин самти афзалиятнок дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои зиёд амалӣ мешаванд.
Гуфта шуд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун бузургтарин муассисаи илмии мамлакат дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.
Соли 1996 якумин мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бе инкишофи илму фарҳанг пешрафти ягон давлат имконпазир нест. Дар асоси хулосаҳои ин мулоқот ва вобаста ба талаботи нав дар шароити Истиқлолияти давлатӣ таваҷҷуҳ бештар гардид. Худи ҳамон сол амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Фонди президентии таҳқиқоти бунёдӣ, стипендияи Президенти Тоҷикистон барои аспирантҳои таҳсилоти рӯзона ба тасвиб расид. Ин иқдоми саривақтӣ ҳавасмандии олимонро ба фаъолияти пурсамар афзун намуда, ҷавононро барои машғул шудан ба корҳои илмӣ дилгарм сохт.
Шароити нави сиёсию иқтисодие, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат ба вуҷуд омад, таҳия ва қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро дар соҳаи илм тақозо менамуд. Беш аз 300 санади меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи илм қабул шуданд, ба пешрафти минбаъдаи илмию техникӣ, такмили сохтори муассисаҳои илмӣ, маблағгузории таҳқиқоти илмӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони илмӣ ва амсоли инҳо равона гардида буданд.
Имрӯз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи сиёсати дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати мамлакат қудрати илмиро баланд бардошта, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома медиҳад.
Дар охири ҳамоиш як зумра олимон, инчунин олимони ҷавоне, ки соли 2026 соҳиби ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста гардида буданд, бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин ба як зумра кормандон медали 50-солагии фаъолияти бефосила дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супорида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»/Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Дар Конфронси генералии АБНА таҷрибаи Тоҷикистон доир ба барқарорсозии иншооти мероси уранӣ муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба 115–солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ баррасӣ гардид
Масоили таҳкими ҳамкорӣ байни академияҳои илмҳои Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ иштирок доранд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА УФУҚҲОИ НАВИ РУШДИ ИЛМ. Андешаҳо оид ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон ва астрономияи муосир
Дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растаниҳо якумин Бонки генетикии растаниҳо ба фаъолият оғоз кард






