БАР ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ! Маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз гардид

Апрель 1, 2026 07:30

ДУШАНБЕ, 01.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 1 апрел дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз шуд, ки то охири моҳи май идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли соли 2026 дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» омадааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷинси мард), ки ба синни 18 расидаанд, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ даъват мегарданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» асос­ҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии қайди ҳарбӣ, ба хизмати ҳарбӣ омода намудани шаҳрвандон, тартиби даъват намудан, дохил шудан, адои хизмати ҳарбӣ ва рухсат шудан аз он, бақайдгирӣ дар ҳайати эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва уҳдадории ҳарбии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин субъектони дигари раванди ин муносибатҳоро муайян менамояд.

Тибқи муқаррароти моддаи 10-и ин қонун, намояндагони дахлдори шаҳру ноҳияҳои мамлакат уҳдадоранд даъватшавандагон ва шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордоштаро ба ҳисоб гирифта, дар муддати як ҳафта ба комиссариатҳои ҳарбӣ хабар диҳанд. Дар ин замина бо дархости комиссариати ҳарбӣ маълумот оид ба шаҳрвандони ба қайди ҳарбӣ гузошташаванда ва дар қайди ҳарбӣ қарордоштаро, ки барои дохил кардан ба ҳуҷҷатҳои қайди ҳарбӣ заруранд, равон намоянд.

Масъулин бояд шаҳрвандонро ба даъвати комиссариати ҳарбӣ хабардор намоянд ва ба онҳо имкони сари вақт ба даъвати комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданро таъмин намоянд.

Дар ин замина мақомоти корҳои дохилӣ, хориҷӣ, амният, шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ уҳдадоранд, ки маълумоти заруриро дар ин самт пешниҳод намоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», нафароне, ки бинобар сабаби вазъи саломатӣ ғайриқобили хизмати ҳарбӣ дониста шудаанд, онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо намуда истодаанд ё тамом кардаанд, ҳамчунин нафароне, ки барои содир кардани ҷиноят бо ҳукми суд ба ҷазои аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд, аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат ба Ватан, таҳкими истиқлол ва иқтидори мудофиавии он вазифаи ҳар шаҳрванд буда, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби мардонагист. Ҷавонон маҳз дар давраи хизмати ҳарбӣ имкон доранд, ки моҳияту мафҳумҳои Ватан, давлат ва муқаддасоти миллиро ба хубӣ дарк карда, сабақи далерию шуҷоат ва садоқат омӯзанд.

Ҳукумати мамлакат барои боз ҳам рушд додан ва фароҳам намудани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад. Бо назардошти таъмини шароити мусоид дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.

Ёдовар мешавем, ки даъвати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок дар 1 сол ду маротиба- аз 1 апрел то 31 май ва аз 1 октябр то 30 ноябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути воситаҳои ахбори омма на дертар аз 1 моҳ пеш аз даъват эълон мегардад, анҷом дода мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Апрель 1, 2026 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид