Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Нозирони Раёсати назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт зимни гузаронидани амалиёти фаврӣ нисбат ба 13 нафар барои содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ санади дахлдор тартиб доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санадҳои дахлдор асосан барои шикори ғайриқонунии кабк, нигоҳдорӣ ва интиқоли моҳӣ дар давраи манъшудаи тухмгузорӣ, инчунин решакан намудани растаниҳои шифобахш тартиб дода шудаанд.
Гуфта мешавад, ки чунин чорабиниҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Рашт гузаронида шуда, ҳолати истифодаи захираҳои табиӣ, риояи қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ва пешгирии қонунвайронкуниҳо мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ин тадбир бо мақсади тақвияти назорати давлатии истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва таъмини риояи талаботи қонунгузории амалкунанда андешида шудааст.
Тибқи фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд, нигоҳдорӣ, интиқол ва фурӯши захираҳои моҳӣ муваққатан манъ гардидааст.
Ҳамзамон бо шаҳрвандон ва истифодабарандагони захираҳои табиӣ оид ба зарурати ҳифзи олами набототу ҳайвонот, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва риояи талаботи қонунгузории экологӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъкид менамояд, ки чунин чорабиниҳо минбаъд низ дар дигар минтақаҳои мамлакат гузаронида шуда, барои ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории гуногунии биологӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид






