Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор кам кардани талафоти неруи барқ баррасӣ гардид

Апрель 1, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар/. Кам намудани талафоти неруи барқ  ва боло бурдани масъулиятшиносии кормандони соҳа, бахусус нозирони барқ яке аз масъалаҳое буд, ки дар ҷаласаи  Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Ҷаласа таҳти раёсати прокурори шаҳри Ҳисор, Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи як Умедҷон Раҳмон  баргузор гарида, дар он роҳбарону намояндагони сохторҳои ҳифзу ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Ҳисор  иштирок намуданд.

Дар ҷаласа фаъолияти Шабакаҳои тақсимоти барқ ва бахшҳои зертобеи он дар шаҳри Ҳисор, аз ҷумла масъалаҳои кам намудани талафот ва пешгирии дуздии неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, бахусус нозирони барқ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва корхонаҳо баррасӣ гардиданд.

Прокурори шаҳр аз зиёд будани фоизи талафоти неруи барқ, ҳолатҳои ошкоргардидаи дуздии он, изофанависӣ ва қарздории муштариён дар шаҳр изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини шабакаҳои тақсимоти барқ ва фурӯши он дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ» барои гузаштан ба  низоми нав —  биллингӣ, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат  натиҷаҳои мусбат додааст, бақияи қарзҳои боқимондаро ҷамъоварӣ намоянд, то барои гузаштан ба ин низом заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Прокурори шаҳри  Ҳисор вобаста ба пешгирии  изофанависии нозирони шабакаҳои барқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар самти истифодаи неруи барқ даъват намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Апрель 1, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд