Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд

Апрель 9, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти ҳамоҳангсозии Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва иштироки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО хабар доданд, чорабинӣ намояндаҳои давлатҳои аъзои ЮНЕСКО, котибот ва кормандони Созмон, инчунин шаҳрвандони муқими кишварҳои ҳавза, аз ҷумла тоҷикистониёни муқими Фаронса ва Аврупоро гирди ҳам овард, то Наврӯз ва фарорасии баҳорро ботантана таҷлил намоянд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Дилшод Раҳимӣ ҳозиринро шодбош гуфта, ба аҳаммияти таърихии арзишҳои наврӯзӣ ва расму ойинҳои он ишора намуд.

Ҳамзамон дар қисми намоиши дастархони наврӯзии кишварҳо гӯшаи Тоҷикистон бо таомҳои миллӣ ва маснуоти ҳунарҳои дастии мардумӣ оро ёфта, барномаи фарҳангӣ бо навои карнаю доира ва намоиши либосҳои тоҷикӣ, ба мисли чакану гулдӯзӣ ва атласу адрас ба меҳмонон пешкаш гардид.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО

Апрель 9, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд