Дар Бадахшон беш аз 1 тонна молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлатгузашта нобуд карда шуд

Апрель 22, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар семоҳаи якуми соли 2026 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 тоннаю 140 килограмм молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта нобуд карда шуд.

Тавре сардори шуъбаи нозироти савдои Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Темур Қурбонов ба АМИТ «Ховар» иброз намуд, молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузаштаро бештар соҳибкорон барои нобуд кардан пешниҳод менамоянд.

Гуфта шуд, ки сарфи назар аз ин баъзе тоҷирону соҳибкорон талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро риоя накарда, ба фурӯши молу маҳсулоти пастсифат даст задаанд. Нисбат ба ин субъектҳо санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар асоси қонун ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Таъкид гардид, ки истеъмолкунандагон ҳангоми харид кардани молу маҳсулот ба санаи истеҳсол ва ҳолати нигоҳдорию намуди зоҳирии он  бояд таваҷҷуҳ кунанд.  Дар ҳолати мушоҳида кардани камбудии маҳсулот аз фурӯшанда  сертификати мутобиқати сифат талаб намоянд.

Агентии «Тоҷикстандарт» дар бозорҳои шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон овезаҳои таблиғотӣ насб намудааст. Дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ мунтазам варақаҳои таблиғотӣ паҳн карда мешаванд, ки муҳтавои  онҳо чунин аст:

Истеъмолкунандагони гиромӣ, шумо ҳуқуқ доред дар ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи соҳибкорону фурӯшандагон —  ҳангоми кам баркашидан, кам чен кардан, зиёд ҳисоб кардан ва ё фурӯши маҳсулоти пастсифату муҳлати истеъмолиаш гузашта ба Агентии «Тоҷикстандарт» ва зерсохторҳои он дар минтақаҳо муроҷиат намоед.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 22, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд