Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд

Апрель 2, 2026 10:35

ДУШАНБЕ 02.04.2026  /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷии ду мамлакат баргузор гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкории дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, рушди муносибатҳо дар соҳаҳои илму маориф, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳанг зоҳир гардид.

Ҳамзамон ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории бисёрҷониба, аз ҷумла дар доираи Муколамаи Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, барои идомаи ҳамкории созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 2, 2026 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд