Дар Душанбе нахустин конфронси байналмилалӣ оид ба мониторинг ва арзёбӣ баргузор шуд

Апрель 28, 2026 14:37

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии иқтисодӣ»-и вазорат дар мавзуи «Банақшагирии стратегӣ: низоми мониторинг ва арзёбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нахустин конфронси байналмилалии илмию амалӣ доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд, конфронс бо мақсади такмил додани низоми идоракунии давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии рушди давлат баргузор гардид.

Иброз шуд, ки бо назардошта вазъи зудтағйирёбандаи иқтисоди ҷаҳон дар пасманзари таҳдидҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ташкили низоми дурусти банақшагирии стратегӣ, бахусус мониторинг ва арзёбӣ дар ҳар давлат нақши калидӣ дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат низоми банақшагирии стратегӣ ташаккул ёфта, беш аз 600 ҳуҷҷати стратегӣ таҳия ва тасдиқ гардид.

«Таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар мамлакат заминаи ҳуқуқӣ ва методологии низоми банақшагирии стратегӣ ва мониторингу арзёбӣ таҳким ёфт. Дар ин замина рушди минбаъдаи низоми банақшагирии стратегӣ ба чор самти калидӣ, бахусус тақвияти иқтидори кадрӣ, ҳамгироии илм ва идоракунӣ, рақамикунонии равандҳо ва ҷорӣ намудани идоракунии ба натиҷаҳо нигаронида равона карда мешавад», – баён гардид дар конфронс.

Иштирокчиён изҳор намуданд, ки конфронс ба такмили минбаъдаи низоми мониторинг ва арзёбӣ, баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 28, 2026 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд