Дар Душанбе намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон доир гардид

Апрель 22, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши асарҳои муҷассамавии Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Муродзода доир шуд.

Тавре аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, намоиш  ба гиромидошти фаъолияти ҳунарманди барҷаста ва таҷассумгари роҳи тайкардаи санъати муосири тоҷик дар давраи истиқлол бахшида шуд.

Иброз гардид, ки осори Сабзаалӣ Муродзода арзишҳои миллӣ, таърихӣ ва эстетикиро муттаҳид намуда, дар ташаккули завқи бадеии ҷомеа нақши муҳим мегузоранд.

Дар намоиш асарҳое пешниҳод гардиданд, ки иншооти муҳими шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакатро таҷассум намудаанд.

Гуфта шуд, ки асари монументалии ӯ «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», ки толори воридотии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро зеб медиҳад, яке аз беҳтарин намунаҳои пайвасти анъана ва навоварӣ дар санъати муосир ҳисобида мешавад.

Ҳамчунин мусаввараҳои машҳури рассом, аз қабили «Боғи анори бобом», «Гусел», «Замини Роғун», «Ба ёди солҳои дур», «Шӯриши Восеъ», «Моҳчеҳра» ва дигар асарҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон муаррифӣ карда шудаанд.

АКС: Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон

Апрель 22, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад