Дар мавзуи «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) таҳти унвони «Рушди илми тоҷик дар шароити муосир: инноватсия ва рақамикунонӣ» конференсияи илмӣ — амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иброз шуд, ки дар воқеъ Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик имконияти беназир фароҳам овард, то роҳи рушди мустақилонаро интихоб намояд. Дар ин раванд илму маориф ҳамчун пояи асосии рушди устувор ва пешрафти ҷомеа эътироф гардид. Бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, таваҷҷуҳу пуштибониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз соҳаи илм ба марҳилаи нави рушд ворид гардидааст. Муассисаҳои илмӣ – таълимӣ бо инфрасохтори муосир таъмин гардида, барои фаъолияти омӯзгорон ва муҳаққиқон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Гуфта шуд, ки бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар донишгоҳ қадами муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии он ба ҳисоб меравад. Дар ин марказ донишҷӯён ва муҳаққиқон дар шароити муосир ба фаъолияти илмӣ машғул шуда, лоиҳаҳои инноватсиониро амалӣ менамоянд.
«Вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир мебошад. Мо бояд на танҳо донишҳои назариявиро интиқол диҳем, балки малакаҳои амалӣ, тафаккури интиқодӣ ва қобилияти истифодаи технологияҳои муосири донишҷӯёнро ташаккул диҳем»,–баён гардид дар конференсия.
Дар шароити ҷаҳони муосир технологияи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ бо суръати баланд пеш меравад. Дар ин замина зарур аст, ки дар мамлакат иншооти муосир, муассисаҳои инноватсионӣ ва бозомӯзии кадрҳои баландихтисос амалӣ карда шавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






