Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад

Апрель 5, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат –саноатикунонии босуръати Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои рушди соҳаи саноат, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, бунёди корхонаҳои хурду бузург ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, дар ноҳия коргоҳи истеҳсоли равғани растании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ирода-инвест» таъсис дода шудааст. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна буда, дар он равған аз донаи офтобпараст, чигит ва дигар зироати равғандеҳ бо истифода аз таҷҳизоти муосир истеҳсол ва дар маҳал банду баст карда мешавад.

Ҳамчунин дар ноҳия барои коркарди гандум ва истеҳсоли орд барои макарон лоиҳаҳои нав амалӣ мегарданд. Ин таҷриба дар миқёси ҷумҳурӣ нахустин маротиба татбиқ гардида, ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти макарон мусоидат мекунад.

Ба иттилои масъулин, корхонаи нав қобилияти коркарди то 600 тонна гандумро дар як шабонарӯз ва беш аз 200 ҳазор тоннаро дар як сол дорад.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони корхонаи нави Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орди Фатир» идома дорад. Корхона дар як шабонарӯз имкон дорад, ки то 1000 тонна гандумро коркард намояд.  Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз давлатҳои пешрафта ворид гардида, баъди ба фаъолият оғоз намудан садҳо ҷойи нави кор таъсис дода мешавад. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар иншоот 70 фоиз анҷом ёфта, дар назар аст, ки корхона то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.

Ҳамчунин дар шаҳраки Ғафуров бо саҳми Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зартахта» боз як корхонаи нави саноатӣ бунёд мегардад. Корхона бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо масолеҳи сохтмонӣ дар 5 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, бо таҷҳизоти муосири аз Ҷумҳурии Мардумии Чин воридшуда муҷаҳҳаз мегардад. Дар он истеҳсоли плитаҳои сементӣ-нахӣ ба роҳ монда шуда, иқтидори шабонарӯзии он 2–2,5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

 

Апрель 5, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид