Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд

Апрель 23, 2026 10:20

 ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Саняи Ҷумҳурии Мардумии Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд. Ҳайати Тоҷикистон дар ин мусобиқа аз 10 варзишгар иборат аст, ки дар намудҳои варзиши соҳилӣ, гӯштини соҳилӣ ва ҷиу-ҷитсу ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ин мусобиқа аз Тоҷикистон варзишгарон Салим Саидалиев, Фирӯза Қосимбоева, Ҳасан Боймуродов, Алиҷон Бобомуродов, Маҳмудҷон Назризода, Комил Боймуродов, Рамшед Абдуллоев, Алиризо Баҳромов, Ҳақназар Назаров ва Дадахон Қурбоналиев иштирок менамоянд.

Паҳлавони шинохта Ҳақназар Назаров парчамбардори Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳ ва пӯшидашавии мусобиқа мебошад.

Ба барномаи имсолаи бозиҳо 14 намуди варзиш дохил буда,  варзишгарон аз 45 кишвари қора дар ин чорабинии бошукуҳи варзишӣ иштирок мекунанд. Аз ҷумла, мусобиқаҳо аз рӯи баскетбол (3х3), варзишҳои обӣ (шиноварии озод ва тӯббозӣ дар об), акватлон, варзиши сабуки соҳилӣ, ҳандболи соҳилӣ, кабаддии соҳилӣ, футболи соҳилӣ, волейболи соҳилӣ, гӯштии соҳилӣ, қайиқи дракон, ҷиу-ҷитсу, заврақронӣ, шӯхпаймоӣ ва текбол баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё аз 22 то 30 апрел идома меёбанд. Бозиҳои соҳилии Осиё бори охир соли 2016 дар Ветнам баргузор шуда буданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд