Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории минбаъда бо Хазинаи байналмилалии асъор дар самтҳои афзалиятноки иқтисодӣ 7 апрел дар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо намояндаи доимии Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Гази Шбайкат баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Дар вохӯрӣ Абдураҳмон Абдураҳмонзода иброз дошт, ки соли 2025 новобаста аз вазъи мураккаби иқтисоди ҷаҳон дар натиҷаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии давлат, қабули қарорҳои дахлдор ва барномаю стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8,4 фоиз таъмин гардид.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти рушди давлат барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд, бахусус дар самтҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми дурнамосозӣ ва татбиқи ислоҳоти сохторӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад






