«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт
ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар озмун беш аз 500 нафар омӯзгорон, докторантони PhD, донишҷӯёни зинаҳои бакалавр ва магистратура аз рӯи ҳама номинатсияҳо иштирок намуданд. Аз ин шумора 60 нафар имкони дар даври дуюми озмун иштирок карданро пайдо намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, имрӯзҳо дар тамоми муассисаҳои илмию таълимии мамлакат марҳилаи аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷараён дорад. Мутобиқи низомнома, ин озмун ба рушди тафаккури техникӣ, густариши ҷаҳонбинии илмӣ, фароҳам овардани дастрасӣ ба техникаю технология, тақвияти ихтироъкорию навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки имсол озмун аз рӯи номинатсияҳои математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ баргузор мегардад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ба татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат мекунад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






