Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд

Апрель 11, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 11.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 12 апрел дар шаҳри Макаои Ҷумҳурии Мардумии Чин 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао (MITE – Macao International Travel Expo) баргузор мешавад, ки дар он имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон низ муаррифӣ карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин намоишгоҳ дар гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон барои ҳаводорони сайру саёҳат ба кишвари зебою дорои тамаддуну фарҳанги ғании халқи тоҷик бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои гардишгарии варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир, тамаддуни рангину қадима, обҳои мусаффо ва меваҳои тару хушки хуштаъми ватанӣ муаррифӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки ин намоишгоҳ ҳамасола бо иштироки давлатҳои мухталифи ҷаҳон баргузор мегардад, ки платформаи муассир барои муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорон ва мубодилаи таҷриба дар сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао барои баланд бардоштани шинохти байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун макони ҷолиби сайёҳӣ ва дарёфти шарикони нави рушд нақши муҳим мебозад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

                         

Апрель 11, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд