ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст

Апрель 7, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ муқаррар гардидааст. Ҳадаф аз  таъсиси  ин сана дастрасии тамоми қишрҳои ҷомеа ба хизматрасонии босифати тиббӣ мебошад. Имсол бахшида ба ин сана аз 6 то 10 апрел «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон»  ва дар саросари мамлакат таҳти унвони «Якҷоя ба сӯи саломатӣ. Якҷоя ба сӯи илм» ҳамоиши солимгардонӣ доир мегардад.

Оғози таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ

Аз соли 1950 инҷониб дар саросари ҷаҳон 7 апрел Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ дониста мешавад. Ҳамасола бахшида ба ин рӯз дар аксар давлатҳои ҷаҳон таҳти шиорҳои гуногун  ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногуни тиббӣ доир мегарданд. Саломатӣ — солимии табиӣ, маънавӣ ва иҷтимоии инсон мебошад. Саломатӣ асоси некӯаҳволии инсоният, шахс, оила ва ҷамъият ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста иброз медоранд, ки «солимии ҷомеа боигарии давлат аст».

Дар Тоҷикистон сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ чӣ гуна аст?

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 6 апрел дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни ифтитоҳи «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон» иброз намуд, ки дар  мамлакат  ҳифзи саломатии аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ  қарор дошта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳа таваҷҷуҳи хосса доранд. Маҳз натиҷаи талошу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат мебошад, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ назар ба чандин соли қабл чанд маротиба беҳтар гардидааст.

«Ҳукумати мамлакат барои беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати хизматрасонии тиббӣ, таҳкими низоми ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Татбиқи барномаҳои миллӣ, тақвияти назорати эпидемиологӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва густариши ҳамкории байналмилалӣ аз ҷумлаи чунин иқдом ба ҳисоб мераванд. Ин тадбирҳо на танҳо ба табобат, балки ба пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим равона шудаанд»,-афзуд Ҷамолиддин Абдуллозода.

Ҳадафи хизматрасонии тиббии ройгон ба аҳолӣ

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи давлатии  «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» Орзу Раҳмоналиев иброз намуд, бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифти иҷтомоии аҳолии мамлакат дар доираи «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» ва Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ  таҳти унвони «Якҷоя ба сӯи саломатӣ. Якҷоя ба сӯи илм» ба шаҳрвандон хизмати ройгони тиббӣ расонида мешавад.

«Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани фарҳанги тиббии аҳолӣ, мустаҳкамгардонии саломатӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ва муоина намудани дигар бемориҳо мебошад. Дар доираи ин иқдом шаҳрвандон имкон доранд, ки аз ҳолати саломатияшон воқиф гарданд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, инсон бояд дар як сол як маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад. Зеро ҳама узвҳо ва система бо якдигар мутобиқ карда шудаанд. Агар як узв фаъолияти худро аз даст диҳад ё ягон ориза пайдо намояд, ин  ба дигар узвҳои инсон бе таъсир намемонад. Инчунин организм ба истироҳати мунтазам ниёз дорад ва беморӣ метавонад боиси хастагии шадид, руҳафтодагӣ ва бад шудани шакл дар узви инсон гардад.

Кай охирин маротиба аз ташхиси тиббӣ гузаштаед?

Сокини 56-солаи шаҳри Душанбе Майсара Раҷабова зимни суҳбат иброз намуд, ки «чор сол пеш дасту пойҳоям дард дошт. Вақте каме ҳаракат мекардам, эҳсоси хастагӣ ва ташнагӣ доштам. Баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштан муайян гардид, ки ба бемории диабети қанд гирифтор шудаам. Дар чор сол ду маротиба аз ташхису муоинаи тиббӣ гузаштаам. Як соли охир аст, ки гӯшҳоям хориш доранд. Дирӯз хабардор гардидам, ки 6 апрел муоинаи тиббии ройгон ташкил шудааст ва барои огоҳ шудан аз вазъи саломатиям ба инҷо омадам».

Зимни муоина муайян гардид, ки сокини пойтахт ба бемории гӯш гирифтор шудааст, ки ин ба баланд бадани қанди хун дар организмаш вобаста мебошад.

Ба таъкиди табибон, бемории диабети қанд ба дигар узвҳои инсон низ таъсир мерасонад.

Сокини дигари пойтахт Муҳиддин Саидов иброз намуд, ки  “ман ба бемории илтиҳоби гурда гирифтор мебошам. Ҳамасола як маротиба аз муоинаи тиббӣ мегузарам. Бо фаро расидани фасли баҳор ин беморӣ авҷ мегирад”.

Номбурда афзуд, ки аз ташхис гузаштан барои баъзе шаҳрвандон мушкил аст. Зеро на ҳама имкони хуби молиявӣ доранд, то пайваста зери назорати табибон қарор гиранд. Агар чунин иқдом-рӯзҳои муоинаи ройгон бештар гарданд, ин дастгирӣ барои беморони камбизоат мебошад.

Мутахассиси пешбари Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» Гадомад Раҷабов иброз намуд, ки баргузории чунин иқдом ба пешгирии баъзе бемориҳо ва баланд гардидани фарҳанги тиббӣ мусоидат мекунад. Беҳтар мешуд чунин иқдом ва фаро гирифтани шаҳрвандон ба муоинаи тиббии ройгон соле ду маротиба гузаронида шавад. Зеро ин хеле иқдоми хуб буда, сокинони камбизоат барои муоинаи саломатияшон имконият пайдо менамоянд.

Интихоби мо — тарзи ҳаёти солим!

Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанд, ки инсон метавонад шуруъ аз лаҳзаҳои нахустини таваллуд 100 сол бе беморӣ зиндагӣ намояд. Ба шарте, ки агар инсон аз давраи ба дунё омаданаш тарзи ҳаёти солимро интихоб намояд. Тарзи нодурусти зиндагӣ ва камҳаракатӣ дар аксар давлатҳои ҷаҳон сабаби зиёд шудани ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгарди инсонҳо гардидааст, ки мутаассифона, Тоҷикистон низ аз ин ҳисоб истисно нест.

Дар ин самт табибон таъкид мекунанд, ки обутоб додани бадан дар пешгирии бемориҳо нақши муҳим мебозад. Сайругашт дар ҳавои тоза, хоби бароҳат, пӯшидани либосҳои мавсимӣ, ҳаёти солим, машғул шудан ба варзиш ва истироҳати бомеъёр эҳтимоли гирифторӣ ба бемориҳоро кам менамоянд.

Абӯалӣ Ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб» нигоштааст, ки «тадбири аввали нигаҳдории тандурустӣ варзиш аст, сипас тадбири ғизо ва аз паси он тадбири хоб…». Яъне барои саломат умр ба сар бурдан аввал бо варзиш машғул шудан, пас аз он ғизои хуб хӯрдан ва баъдан хоби бофароғат рафтан зарур аст. Шоҳсутуни асосии саломатӣ ин се чиз аст, ки илми муосир низ онро эътироф кардааст.

Воқеан ҳам варзиш ба тан саломатӣ мебахшад, намакҳои баданро об мекунад, мушаку бофтаҳо, банду буғумҳоро мустаҳкам менамояд, рагҳоро васеъ, гардиши хунро бемалол мегардонад, қаду қомат ва сутунмуҳраро росту зебо мекунад. Пас ягона зебоӣ ин саломатист.

Тавре нависандаи фаронсавӣ М. Монтеннер гуфтааст: «Саломатӣ ганҷест, ки барои он на танҳо вақт, заҳмат, меҳнат ва ҳама гуна неъматҳоро дареғ намедоранд, балки барои он як қисми худи ҳаётро қурбон кардан зарур аст. Зеро ҳаёт бе он тоқатнопазир ва хоркунанда мегардад».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 7, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Истифодаи панелҳои офтобӣ дар Тоҷикистон метавонад ба унсури муҳими таъмини истиқлолияти энергетикӣ табдил ёбад