КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки занону духтарони идораю ташкилот ва муассисаю маҳаллаҳо даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.
Иброз гардид, ки тарғиби ҳунари асили фарҳанги кадбонугии занону духтарони тоҷик, гиромидошти шахсияту эътибори зан дар хонавода ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, арҷ гузоштан ба ҳунари кадбонуҳо, завқи дастархонороӣ, эҳё ва рушди таомҳои миллӣ ва анъанаҳои ороиши миллӣ аз рукнҳои муҳими арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошанд. Истеъдоди нотакрори ҳунармандии занону духтарони тоҷик онҳоро ҳамчун занони бохираду порсо, созандаю офаранда ва фарҳангию фарҳангсолор муаррифӣ менамояд.
Озмун бо мақсади тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони халқи тоҷик дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ соли ҳаштум аст, ки гузаронида мешавад.
Изҳор шуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар самти ҳунармандии занон аз ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби занону духтарон ба эҳёи таомҳои миллию маҳаллии аз байнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаю ошхонаҳо ва зиёд намудани ҷойи нави кор иборат мебошад.
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» гурӯҳи кадбонуҳои Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 –и шаҳри Хуҷанд мақоми аввал, кадбонуҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷойи дуюм ва маҳаллаи «Тиллокон» мақоми сеюмро соҳиб шуданд.
Ғолибон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хоиравӣ қадрдонӣ гардида, ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории чунин намоишгоҳҳо, озмунҳо, фестивалҳои ҷумҳуриявӣ имконият медиҳад, ки паҳлуҳои нозуки санъати асили ҳунармандӣ, кадбонугӣ, маърифати оиладорӣ ва сарфаю сариштакорӣ мавриди истифода қарор гирифта, беҳтарин ҳунармардон қадршиносӣ карда шаванд. Ин ба пайдо намудани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши расму ойин, мероси ниёгон, анъанаи миллӣ ва густариши маънавиёти ҷомеа мусоидат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






