«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд

Апрель 7, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 07.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дар 6 гектар беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуда, ҳамзамон дар маркази ноҳия дар 4 гектар боғи нав бунёд гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ин тадбир дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон андешида шуда, ҳадафи он беҳтар намудани вазъи экологии минтақа, сабзгардонии муҳит ва саҳмгузорӣ дар ободонии ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ин замина дар доираи татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи муҳити зист ва ободонии мамлакат роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб ҳамроҳ бо роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Ҳайат инчунин бо раванди корҳои ободонию созандагӣ дар ноҳия, хусусан ҷараёни корҳои созандагӣ дар иншооти ҷашнӣ шинос шуд.

Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Аличор бо сохтмони муассисаи томактабӣ, майдончаи варзишӣ ва гармхонаи муосир, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зист бунёд мегарданд, шинос гардиданд. Гуфта шуд, ки чунин бунёдкорию созандагӣ дар баробари рушди иҷтимоӣ ба баланд бардоштани маърифати экологӣ ва беҳдошти муҳити зист мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки тақвияти раванди бунёдкорию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумат ба ҳифзи муҳити зист, рушди устувори минтақаҳои дурдаст ва густариши корҳои ободонию сабзгардонӣ буда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ нақши муҳим мегузорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 7, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд