Кумита бар зидди шиканҷаи СММ ба гузориши миллии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсия бар зидди шиканҷа баҳои баланд дод

Апрель 15, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 14 апрел дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария ҷаласаи 84-уми Кумита бар зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар он маърузаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои муқаррароти Конвенсия бар зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пасткунандаи шаъну шараф баррасӣ гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҷаласа ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашуриён ва намояндагони  сохторҳои давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни баррасии гузориш аъзои Кумита бар зидди шиканҷа корҳои анҷомдодаи Тоҷикистонро дар самти татбиқи Конвенсия, инчунин пешрафт, навоварию ислоҳоте, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба шиканҷа ба даст оварда шудаанд, мусбат арзёбӣ намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа Кумита бар зидди шиканҷа ба ҷавобҳои пешниҳоднамудаи ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла ба ислоҳоти институтсионалӣ, такмили қонунгузорӣ, амалияи татбиқи ҳуқуқ ва пешниҳоди омори дақиқу муфассал баҳои баланд дод.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 15, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид