Оид ба дипломатияи сулҳ ва таҷрибаҳои сулҳофаринӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Дипломатияи сулҳ ва таҷрибаҳои сулҳофаринӣ» ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, хабар додан ба АМИТ «Ховар» аз ин институт.
Чорабинӣ дар доираи Даҳаи муаррифии илми академии тоҷик баргузор шуда, дар он аҳамияти сулҳ дар шароити муосир, мубодилаи таҷрибаҳои сулҳофаринӣ ва таҳкими ҳамкории илмӣ баррасӣ шуданд.
Директори институт Рустам Ҳайдарзода иброз дошт, ки дар шароити ҷаҳони пуртазоди кунунӣ масъалаи сулҳ ва субот ба яке аз арзишҳои асосии инсоният табдил ёфтааст. Низоъҳои минтақавӣ, буҳронҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои амниятӣ ҷомеаи ҷаҳониро водор месозанд, то роҳҳои нави дипломатияи сулҳро ҷустуҷӯ намояд.
Дар ҳамоиш олимону муҳаққиқони ҷавон паҳлуҳои гуногуни дипломатияи сулҳ, аз ҷумла масъалаҳои таърихи ташаккули низоми сулҳ дар мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, нақши давлатҳои Осиёи Марказӣ дар таъмини амнияти минтақавӣ, таҷрибаи муқоисавии сулҳофаринӣ ва таъсири он ба сиёсати хориҷиро баррасӣ намуданд. Ҳамчунин таҷрибаи Тоҷикистон дар раванди сулҳофаринӣ ва саҳми он дар ҳалли низоъҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақ арзёбӣ гардид.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати сулҳпарвар ва сулҳофар дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуда, саҳми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид гардид. Гуфта шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар самти таҳкими сулҳу субот, рушди ҳамкории минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро ба яке аз фаъолтарин давлатҳо дар дипломатияи сулҳ табдил додааст. Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои об, иқлим ва амният ҳамеша бо руҳияи ҳамгироӣ ва сулҳпарварӣ баён мегарданд.
Ҳамзамон нақши Тоҷикистон дар таҳкими ҳамсоягии нек ва рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои минтақа мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифт. Таъкид шуд, ки сиёсати «дарҳои боз» ва ҳамкории мутақобили судманд бо давлатҳои ҳамсоя ба таҳкими эътимод ва суботи минтақавӣ мусоидат мекунад.
Дар фарҷом иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки дипломатияи сулҳ на танҳо самти сиёсати хориҷӣ, балки зарурати ҳаётии ҷомеаи муосир мебошад. Тоҷикистон бо таҷрибаи ғанӣ дар ин самт метавонад ҳамчун пули эътимод байни давлатҳо ва минтақаҳо хизмат намояд.
АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








«ИЛМ–ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 19 октябр даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории илмӣ ва омӯзишу ҳифзи бозёфтҳо бо гурӯҳи бостоншиносони хориҷӣ баррасӣ гардиданд
Рушди инноватсионии кимиё ва технологияҳои кимиёвии муосир дар конфронси илмӣ баррасӣ гардид
«ЗЕҲНИ СУНЪӢ–ЭЪТИМОД, АМНИЯТ ВА РУШД». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ доир шуд
Раҳим Саидзода: «Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли наврас дар ташаккули неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа саҳм мегузорад»
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон тирамоҳи астрономӣ оғоз шуд
Озмоишгоҳи муборизаи интегратсионӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






