Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад

Апрель 13, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Дар робита ба ин барои иштирок дар Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Русия, Туркия, Латвия, Лаҳистон, Индонезия ва Покистон ба Душанбе омадаанд.

Меҳмононро роҳбарияту намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба онҳо оид ба барномаи форум, ҷараёни баргузории чорабиниҳо ва имконияти ҳамкории минбаъдаи илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки иштироки ректорони донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои хориҷӣ дар Форуми байналмилалӣ барои густариши ҳамкории байналмилалӣ, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои илмӣ-академӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Форум бо ибтикори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, платформаи бисёрзинагии байналмилалие мебошад, ки ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи илмӣ ва академӣ, бахши хусусӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷавононро бо мақсади баррасии рӯзномаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», гузариши рақамӣ, зеҳни сунъӣ, инноватсияҳо ва қарорҳои «ҳушманд» муттаҳид месозад.

Дар доираи форум саммити ректорон, конфронсҳои байналмилалии илмию амалӣ дар самтҳои гуногун, форуми экологии ҷавонон, форуми соҳибкорӣ, намоишгоҳҳои лоиҳаҳои илмӣ ва инноватсионӣ, ташаббусҳои стартапӣ, олимпиадаю озмунҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ-экологӣ, инчунин дигар чорабиниҳои канорӣ гузаронида мешаванд.

Дар барномаи форум таваҷҷуҳи махсус ба чорабиниҳое бахшида мешавад, ки ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди устувор, иқтисоди «сабз», зеҳни сунъӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳифзи муҳити зист равона гардида, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 13, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Синзяни Чин созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад