Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии ИДМ иштирок намуд

Апрель 1, 2026 16:15

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 март Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори ҷаласаи Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Москва ба таври маҷозӣ баргузор гардид, иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода вобаста ба фаъолияти Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ барои солҳои 2023–2025, ки дар рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ шуда буд, маъруза намуд. Зимни маъруза ба аҳамияти муҳим доштани ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи байторӣ, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва таҳкими назорати байторию санитарӣ равона гардидааст, диққати ҷиддӣ зоҳир гардид.

Ҳамзамон оид ба анҷом додани корҳои назаррас дар доираи фаъолияти Шуро дар самти мубориза бар зидди бемориҳои ҳайвонот, тақвияти иқтидори озмоишгоҳҳо, мубодилаи иттилоот ва ҳамоҳангсозии талаботи байторӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Дар анҷом Муҳаммадсаид Файзуллозода омодагии Тоҷикистонро барои густариши ҳамкории минбаъда дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, махсусан дар соҳаи байторӣ иброз намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳои соҳавиро муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид