Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд

Апрель 10, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия Музаффар Ҳусейнзода бо раиси шаҳри Брюссел Филипп Клозе мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия хабар доданд, ҷонибҳо ба роҳ мондани робитаҳо ва табодули таҷриба дар соҳаҳои мудирияти шаҳр, рушди «шаҳри ҳушманд», эҷоди экосистемаҳои соҳибкорӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ ва муҳитизистиро баррасӣ карданд.

Мусоҳибон  оид ба танзими чорабиниҳои муштарак ва тавсеаи робитаҳои байнимардумӣ мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия

Апрель 10, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид